Тоҷикистонро заминларза такон дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Заминларза дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи Боғи милли Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав сабт шуд, гузориш медиҳад Маркази ҷумҳуриявии зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 12:42 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст.
Маркази заминларза дар ВМКБ, дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Зилзиласанҷон қувваи заминларзаро 4,5 балл арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки умқи он дар масофаи 337 километр буд.
Трещина на асфальте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Зилзиласанҷон маркази заминларзаи нав дар Тоҷикистонро мушаххас карданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол паёмадҳои эҳтимолиро мушаххас накардааст.
Бояд гуфт, ки чунин падидаҳои табиат дар Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон пайваста эҳсос мешаванд. Ин кишварҳо ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохил карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0