https://sputnik.tj/20230110/safari-hayati-tojikiston-ba-arabistoni-saudi-1054088050.html
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ
Sputnik Тоҷикистон
Як ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ҷиҳати баррасии эҳёи дубораи саҳмияи зоирин ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст
2023-01-10T12:20+0500
2023-01-10T12:20+0500
2023-01-10T12:20+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
дин ва оин
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102952/69/1029526904_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_ec569cfafc26e1e771d23041c0e1c8ec.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Пас аз пандемияи корнавирус дар соли 2020 Арабистони Саудӣ саҳмияи кишварҳо барои зиёрати Хонаи Худоро қариб як баробар коҳиш дода буд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳайати Кумита ба раҳбарии раиси он Сулаймон Давлатзода ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои дутарафа, бахусус, масоили ҳаҷ, бо мақомоти зидахли Арабистони Саудӣ ба Риёз сафар кардааст. "Яке аз масоил эҳёи дубораи ҳисса (квота) -и Тоҷикистон дар маросими ҳаҷ аст, ки пас аз пандемияи корнавирус дар соли 2020 аз сӯи Арабистони Саудӣ барои тамоми кишварҳои мусулмон, аз ҷумла Тоҷикистон, коҳиш дода шуд. Ҳамчунин бо ширкатҳои хизматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ низ як қатор созишномаҳо ба имзо хоҳад расид”, - гуфт Афшини Муқим.Тибқи иттилои ин манбаъ, қабл аз пандемияи коронавирус дар соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба адои маросими ҳаҷ - зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон дар Маккаву Мадина мерафтанд. Пас аз вуқӯъи ҳамагирии ҷаҳонии корнавирус дар соли 2020 кишвари Арабистони Саудӣ теъдоди зоиринро қариб ба нисф коҳиш дод. Дар ду соли гузашта ҳудуди 3,5 ҳазор нафар дар сол ба адои маросими ҳаҷ мушарраф шудаанд. Ҳаҷи фарзӣ яке аз панҷ рукни ислом буда, аз ҳаҷи умра фарқ мекунад. Дар ҳоле ки адои ҳаҷи умраро метавон дар давоми сол анҷом дод, ҳаҷи фарзӣ фақат пас аз моҳи Рамазон ва иди Қурбон адо мешавад.
https://sputnik.tj/20220725/sharoit-narkh-kumita-din-haj-1050236960.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102952/69/1029526904_161:0:2828:2000_1920x0_80_0_0_305498ddb18fbb7667596c70d381d035.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон арабистони саудӣ ҳаҷ
тоҷикистон арабистони саудӣ ҳаҷ
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ
Як ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ҷиҳати баррасии эҳёи дубораи саҳмияи зоирин ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Пас аз пандемияи корнавирус дар соли 2020 Арабистони Саудӣ саҳмияи кишварҳо барои зиёрати Хонаи Худоро қариб як баробар коҳиш дода буд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳайати Кумита ба раҳбарии раиси он Сулаймон Давлатзода ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои дутарафа, бахусус, масоили ҳаҷ, бо мақомоти зидахли Арабистони Саудӣ ба Риёз сафар кардааст.
"Яке аз масоил эҳёи дубораи ҳисса (квота) -и Тоҷикистон дар маросими ҳаҷ аст, ки пас аз пандемияи корнавирус дар соли 2020 аз сӯи Арабистони Саудӣ барои тамоми кишварҳои мусулмон, аз ҷумла Тоҷикистон, коҳиш дода шуд. Ҳамчунин бо ширкатҳои хизматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ низ як қатор созишномаҳо ба имзо хоҳад расид”, - гуфт Афшини Муқим.
Тибқи иттилои ин манбаъ, қабл аз пандемияи коронавирус дар соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба адои маросими ҳаҷ - зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон дар Маккаву Мадина мерафтанд.
Пас аз вуқӯъи ҳамагирии ҷаҳонии корнавирус дар соли 2020 кишвари Арабистони Саудӣ теъдоди зоиринро қариб ба нисф коҳиш дод.
Дар ду соли гузашта ҳудуди 3,5 ҳазор нафар дар сол ба адои маросими ҳаҷ мушарраф шудаанд.
Ҳаҷи фарзӣ яке аз панҷ рукни ислом буда, аз ҳаҷи умра фарқ мекунад. Дар ҳоле ки адои ҳаҷи умраро метавон дар давоми сол анҷом дод, ҳаҷи фарзӣ фақат пас аз моҳи Рамазон ва иди Қурбон адо мешавад.