https://sputnik.tj/20230110/30-tarma-rohi-dushanbe--chanoq-bast-harakati-tamomi-naqliyot-man-shud--1054111593.html
30 тарма роҳи Душанбе – Чаноқ баст: Ҳаракати тамоми нақлиёт манъ шуд
30 тарма роҳи Душанбе – Чаноқ баст: Ҳаракати тамоми нақлиёт манъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини ширкати “IRS” аз ронандагон хоҳиш кардаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути ин шоҳроҳ худдорӣ намоянд
2023-01-10T20:59+0500
2023-01-10T20:59+0500
2023-01-10T20:59+0500
дар тоҷикистон
душанбе
роҳ
баста
ширкати irs
тарма
барф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8839ae87b6b91123cd99953643552609.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар километри 53 то 81 - уми роҳи Душанбе- Чаноқ дар давоми як соат пас аз оғози бориши барфи шадид қариб 30 тармаи хурду калон фаромадааст, иттилоъ додааст ширкати “IRS”.Масъулини ширкати “IRS” хабар доданд, ки ҳоло кормандони ин ширкат якҷо бо намояндагони мақомоти дигари дахлдор барои тозакунии тармаи фаромада, талош карда истодаанд.Ширкати мазкур, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад таъкид кардааст, ки бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст.Масъулини шаркати “IRS” аз сокинони кишвар даъват карданд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ худдорӣ намоянд.Лозим ба ёдоварист, ки тибқи пешгӯи обуҳавошиносони Тоҷикистон дар кишвар имрӯзҳо ҳаво сард мешавад ва дарманотиқи гуногуни кишвар бориши барфу боронҳои пуршиддат дар назар аст.
https://sputnik.tj/20230110/roh-dushanbe-chanoq-boz-1054087411.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f9e1f855c0f166a5ee6e527273aa153a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, роҳ, душанбе-чаноқ, баста, тарма, сард, шоҳроҳ
тоҷикистон, душанбе, роҳ, душанбе-чаноқ, баста, тарма, сард, шоҳроҳ
30 тарма роҳи Душанбе – Чаноқ баст: Ҳаракати тамоми нақлиёт манъ шуд
Масъулини ширкати “IRS” аз ронандагон хоҳиш кардаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути ин шоҳроҳ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар километри 53 то 81 - уми роҳи Душанбе- Чаноқ дар давоми як соат пас аз оғози бориши барфи шадид қариб 30 тармаи хурду калон фаромадааст, иттилоъ додааст ширкати “IRS”.
Масъулини ширкати “IRS” хабар доданд, ки ҳоло кормандони ин ширкат якҷо бо намояндагони мақомоти дигари дахлдор барои тозакунии тармаи фаромада, талош карда истодаанд.
“Дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд”, - афзуд манбаъ.
Ширкати мазкур, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад таъкид кардааст, ки бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст.
Масъулини шаркати “IRS” аз сокинони кишвар даъват карданд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ худдорӣ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи пешгӯи обуҳавошиносони Тоҷикистон дар кишвар имрӯзҳо ҳаво сард мешавад ва дарманотиқи гуногуни кишвар бориши барфу боронҳои пуршиддат дар назар аст.