Сардии Русия меояд: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе 28 ноября
Туман в Душанбе 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Тоҷикистонро се рӯзи сардии шадид дар пеш аст, мақомоти изтирорӣ аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранду бесабаб сафар накунанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Тайи се рӯзи оянда дар Тоҷикистон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти аврупогии Русия сардшавии ҳаво дар назар аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ сармои нисбатан шадид кишварро аз 9 то 11 январ фаро мегирад.
Мақомоти изтирорӣ аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранду бесабаб сафар накунанд.
Ҳавошиносон дар мавриди 9 январ изҳор доштанд, ки дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии ВМКБ барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро ҳавои абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук 3 дарҷа гарм дар назар аст.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Хатлонро ҳавои тағйирёбанда дар пеш буда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона ба 6+11 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар водиҳоши шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, борон шабона шиддат мегирад. Инчунин фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0