Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Навори кори калонтарин минамёти худгарди Русия дар Украина - видео

Обуна шудан
Кори хумпораандози пуриқтидори худгарди беназир дар ҷаҳон бо номи "Тюльпан" - "Лола" дар минтақаи амалиёти махсус дар Украина намоиш дода шуд
Артиши Русия дар муқобили нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз пуриқтидортарин миномёти худгард дар ҷаҳон бо номи "Лола" истифода кард.
Лаҳзаҳои шикасти иншооти низомии Украина дар наворҳои видеоӣ сабт шудааст, ки онро мақомоти дифоии Русия нашр кардаанд.
Дар навор кори пуриктидортарин миномёти худгард 2С4-ро дар минтақаи амалиёти низомӣ нишон медиҳанд.
Аз ҷумла дида мешавад, ки бо зарбаҳои дақиқи "Лола" истеҳкомҳои бетонии устувори иншооти низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина хароб карда мешаванд.
Пушилин: Дар Украина мавҷи нави басиҷ оғоз шуд - видео
Дар сабти видео оператори бесарнишини бригадаи 1-уми славянӣ, самти оташи хумпораҳои 240-милиметриро, ки барои несту нобуд кардани истеҳкомҳо, ҷамъомади зиёди техника ва қувваи кории душман пешбинӣ шудааст, ҳамоҳангу танзим мекунад.
Маълум аст, ки "Лола" ягона миномёти 240-ммӣ дар ҷаҳон аст, ки бо хумпораҳои муқаррарӣ то 10 километр ва реактивӣ то 20 километр оташ холӣ мекунанд.
Қаблан корпоратсияи давлатии "Ростех" гуфта буд, ки дар баробари "Тюльпан" инчунин дастгоҳҳои "Мста-С", "Малка", "Акатсия" ва "Гиатсинт-С"-ро ба артиш таҳвил дода истодааст.
Лентаи хабарҳо
0