https://sputnik.tj/20230108/mahdudiyati-harakat-dushanbe-khujand-navbatdori-khatarnok-1054053711.html
Маҳдудияти ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд ва ташкили навбатдорӣ дар қитъаҳои хатарнок
Маҳдудияти ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд ва ташкили навбатдорӣ дар қитъаҳои хатарнок
Sputnik Тоҷикистон
Дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари бориши шадиди барф барои ҳаракати мошинҳои боркашу ядакдор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд
2023-01-08T16:30+0500
2023-01-08T16:30+0500
2023-01-08T16:56+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
барф
баста
боришоти шадид ва шамоли сахт
душанбе
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/07/1052678658_0:4:960:544_1920x0_80_0_0_07abd159648d4be823f496a66ef8982d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Роҳи Душанбе - Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба ширкати IRS. Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати зуҳури 8-уми январи соли 2023 дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари бориши барфи шадид ба ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд."Бо мақсади вокуниши фаврӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар минтақаҳои осебпазир, Кумита бахусус дар Майхӯраи ноҳияи Варзоб ва километри 72-уми роҳи Душанбе – Айнӣ, ҳамчунин роҳи мошингарди Душанбе – Ванҷ постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил намуд", - омадааст дар иттилоия. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ таъкид намуд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои фаврӣ барои таъмини амният дар роҳҳо хатари яхбандӣ, лағзиши тарма ва барфтӯда дар роҳҳо боқӣ мемонад.Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанду низоми гармкунии мошинро бадиққат санҷандд. Пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии заруриро гирифта, дар бордони мошинат бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошанд, омадааст дар тавсияҳои КҲФ. Ин дар ҳоласт, ки худи ширкати IRS субҳи 8 январ аз борифи шадиди барф дар масири Душанбе - Чаноқ хабар дод. Ширкати мазкур, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи пулакӣ машғул аст, изҳор дошт, ки кормандони он фаъолиятро шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд. Гуфта шуд, ки роҳ кушода, аммо ҳаракат мушкил аст. Ширкат аз ронандагон хостааст, вобаста ба ҳолати мазкур сафари худро тарҳрезӣ намоянд ва бидуни омодагии хос ба мавсими зимистон ба роҳ набароянд.
https://sputnik.tj/20230107/khf-sardiho-qoidaho-bekhtarii-sukhtor-nerui-barq-sarfa-1054042032.html
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/07/1052678658_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_56866d6887c8e66e580f6a07e40f6cac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, роҳбандӣ, душанбе, хуҷанд, роҳ, барф
ҳушдор, роҳбандӣ, душанбе, хуҷанд, роҳ, барф
Маҳдудияти ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд ва ташкили навбатдорӣ дар қитъаҳои хатарнок
16:30 08.01.2023 (Навсозишуда: 16:56 08.01.2023) Дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари бориши шадиди барф барои ҳаракати мошинҳои боркашу ядакдор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Роҳи Душанбе - Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба ширкати IRS.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати зуҳури 8-уми январи соли 2023 дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари бориши барфи шадид ба ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд.
"Бо мақсади вокуниши фаврӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар минтақаҳои осебпазир, Кумита бахусус дар Майхӯраи ноҳияи Варзоб ва километри 72-уми роҳи Душанбе – Айнӣ, ҳамчунин роҳи мошингарди Душанбе – Ванҷ постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил намуд", - омадааст дар иттилоия.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ таъкид намуд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои фаврӣ барои таъмини амният дар роҳҳо хатари яхбандӣ, лағзиши тарма ва барфтӯда дар роҳҳо боқӣ мемонад.
Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанду низоми гармкунии мошинро бадиққат санҷандд.
Пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии заруриро гирифта, дар бордони мошинат бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошанд, омадааст дар тавсияҳои КҲФ.
Ин дар ҳоласт, ки худи ширкати IRS субҳи 8 январ аз борифи шадиди барф дар масири Душанбе - Чаноқ хабар дод. Ширкати мазкур, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи пулакӣ машғул аст, изҳор дошт, ки кормандони он фаъолиятро шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд. Гуфта шуд, ки роҳ кушода, аммо ҳаракат мушкил аст.
Ширкат аз ронандагон хостааст, вобаста ба ҳолати мазкур сафари худро тарҳрезӣ намоянд ва бидуни омодагии хос ба мавсими зимистон ба роҳ набароянд.