Борон: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© PixabayЗонтик, архивное фото
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Обуна шудан
Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 18 дараҷа хунук, дар Суғд то 11, дар Хатлон то 1 дараҷа ва навоҳии тобеи марказ низ то 1 дараҷа хунук мешавад
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон барфрезӣ ва борон пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ, ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мегардад.
Суғдро ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борону барфу тормеғ фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук 3 дарҷа гарм мешавад.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Ҳавои Хатлон низ абрнок пешгӯӣ шуда, борону тормеғ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм пешггӯӣ мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар бархе қисматҳо тормеғ мефарояд.
Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳаво дар Душанбе абрнок пешгӯӣ шуда, борону тормеғ дар назар аст. Ҳарорат дар пойтахт шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0