https://sputnik.tj/20230106/tedod-korkhona-sanoati-khatlon-ziyod-1054025361.html
Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон қариб 6 баробар зиёд шуд
Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон қариб 6 баробар зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд
2023-01-06T17:00+0500
2023-01-06T17:00+0500
2023-01-06T17:00+0500
дар тоҷикистон
саноат
корхонаи либосбарорӣ
тавлид
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052841490_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_df544dcab668416b7681cc9716cd8ba6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 716 адад расонда шуд, иттилоъ дод ноиби раиси вилоят, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи "Хатлон". Ба иттилои манбаъ ин нишондод дар қиёс бо аввали солҳои 2000-ум қариб 6 баробар зиёд мебошад. Ноиби раиси Хатлон илова намудаст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар соли 2022 дар вилоят 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд шудаанд. "Айни замон 716 корхона ва 892 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ, кӯҳкорӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё, дӯзандагӣ, истеҳсоли ришта ва нахи пахта ва дигар соҳаҳои саноати вилоят ба роҳ мондаанд", - гуфт ноиби раиси вилоят. Дар мавриди ҳаҷми истеҳсолот зикр гардидаст, ки дар 11 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 9,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Тавлидотро мутаносибан дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 15,5% ё наздики 1,4 млрд сомонӣ таъмин намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар 5 соли охир дар Тоҷикистон 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав ба истифода дода шудаанд. Мақомот мегӯянд, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ дар кишвар фаъолият дошт.
https://sputnik.tj/20221226/buja-khatlon-sanoat-hisobot-hakimzoda-1053800720.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052841490_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_96d987bf5cee271ec6a3e89ce1dd2859.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, теъдод, корхонаҳо, саноатӣ, хатлон
афзоиш, теъдод, корхонаҳо, саноатӣ, хатлон
Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон қариб 6 баробар зиёд шуд
Танҳо дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 716 адад расонда шуд, иттилоъ дод ноиби раиси вилоят, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи "Хатлон".
Ба иттилои манбаъ ин нишондод дар қиёс бо аввали солҳои 2000-ум қариб 6 баробар зиёд мебошад.
"Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 128 адади соли 2000- ум ба 716 адад дар соли 2022 расидааст, ки 5,6 маротиба зиёд мебошад", - таъкид кардаст Файзуллозода.
Ноиби раиси Хатлон илова намудаст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар соли 2022 дар вилоят 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд шудаанд.
"Айни замон 716 корхона ва 892 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ, кӯҳкорӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё, дӯзандагӣ, истеҳсоли ришта ва нахи пахта ва дигар соҳаҳои саноати вилоят ба роҳ мондаанд", - гуфт ноиби раиси вилоят.
Дар мавриди ҳаҷми истеҳсолот зикр гардидаст, ки дар 11 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 9,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Тавлидотро мутаносибан дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 15,5% ё наздики 1,4 млрд сомонӣ таъмин намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар 5 соли охир дар Тоҷикистон 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав ба истифода дода шудаанд. Мақомот мегӯянд, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ дар кишвар фаъолият дошт.