Пешгӯиҳои профессор дар мавриди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 - видео

Обуна шудан
Коршинос дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2022-ро мусбат арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар мусбатанд
Бо назардошти раванди рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои охир метавон, пешгӯӣ кард, ки пешрафт дар соли 2023 низ идома хоҳад дошт.
Ин нуктаро профессори кафедраи иқтисодиёт ва ҷуғрофиёи иқтисодии Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав, Ренат Карамурзов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки Тоҷикистон тамоми зарфиятҳоро дорад, ки рушдро дар соли нав идома диҳад.
Раҳмон: Рушди устувори иқтисоди миллӣ 8% таъмин гардид
Дар феҳрасти омилҳои мусбат аз ҷумла аҳолии ҷавону қобили меҳнат ва муносиботи муътадили ташаккулёфта бо субъектҳои дигари иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русия ном бурд.
Дар мавриди соли 2022, коршинос зикр намуд, ки он барои ҷумҳурӣ вақти таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо Русия буд.
"Бо вуҷуди ҳама мушкилот, соли 2022 ҳамчун соли барқароршавӣ - аввалин давраи барқароршавии пурра пас аз пандемияи коронавирус дар солҳои 2020 ва 2021 арзёбӣ шуд", - гуфт ӯ.
Коршинос қайд кард, ки сатҳи пешбинишудаи таваррум - 6% барои Тоҷикистон чандон баду буҳронӣ нест.
Ба гуфтаи Карамурзов, таваррум мисли ҳама гуна зуҳуроти иқтисодӣ ду паҳлӯ - мусбату манфӣ дорад. Мусбат барои онҳое, ки уҳдадориҳои дарозмуддат доранд, чун бо вуҷуди беқурбшавии пул ҳамон нишондиҳандаҳои қаблан зикршударо пардохт мекунанд.
Аммо азбаски мо ба уфуқҳои банақшагирии кӯтоҳ ва миёнамӯҳлат тамаркуз мекунем, албатта, барои мо, барои харидорон, афзоиши нархҳо падидаи манфӣ аст, шарҳ дод Қарамурзов.
Тафсилоти суҳбати Карамурзаевро бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи бурду бохтҳои иқтисодӣ аз видео тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0