https://sputnik.tj/20230106/eloni-natijai-kor-olimon-tojik-1054019608.html
Эълони натиҷаи кори яксолаи олимони тоҷик
Эълони натиҷаи кори яксолаи олимони тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласа бурду бохти фаъоолияти олимони кишварро дар як соли гузашта натиҷагирӣ кард
2023-01-06T10:15+0500
2023-01-06T10:15+0500
2023-01-06T10:15+0500
дар тоҷикистон
илм ва фанноварӣ
академияи илмҳо
ихтироъ
истеҳсолот
олимон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/28/1015222808_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_ba664bb1458e09894a41208b65c185ee.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Олимони Тоҷикистон дар як сол барои истифода дар истеҳсолот беш аз 20 коркард ва таклифу тавсияҳоро пешниҳод кардаанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Олимони тоҷик дар баробари ҷамъбасти сол нақшаҳо барои соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Муайян шудааст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон талошро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшинос идома хоҳад дод. Омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз самтҳои фаъолияти Академияи миллии улум арзёбӣ шудаст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегардандИхтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, гуфта буд Раҳмон.Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.Ӯ гуфт, ба роҳ мондани ҳамкории самараноки корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ бо харҷи кам ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил шудан мумкин аст, зеро ворид намудани технологияҳои пешқадам аз хориҷи кишвар маблағгузории зиёдро талаб менамояд.
https://sputnik.tj/20221108/park-tekhnologi-darvoz-panel-oftobi-1052694747.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/28/1015222808_89:0:1560:1103_1920x0_80_0_0_f5ed71eace42381e6b73783d032c35b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
натиҷа, кор, олимон, тоҷикистон, маълум
натиҷа, кор, олимон, тоҷикистон, маълум
Эълони натиҷаи кори яксолаи олимони тоҷик
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласа бурду бохти фаъоолияти олимони кишварро дар як соли гузашта натиҷагирӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Олимони Тоҷикистон дар як сол барои истифода дар истеҳсолот беш аз 20 коркард ва таклифу тавсияҳоро пешниҳод кардаанд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Олимони тоҷик дар баробари ҷамъбасти сол нақшаҳо барои соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Муайян шудааст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон талошро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшинос идома хоҳад дод.
Омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз самтҳои фаъолияти Академияи миллии улум арзёбӣ шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд
Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, гуфта буд Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ӯ гуфт, ба роҳ мондани ҳамкории самараноки корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ бо харҷи кам ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил шудан мумкин аст, зеро ворид намудани технологияҳои пешқадам аз хориҷи кишвар маблағгузории зиёдро талаб менамояд.