Генерал Мубин аз сӯйи гурӯҳи толибон боздошт шуд

© TwitterГенерал Мубин в афганистане
Генерал Мубин в афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Обуна шудан
Генерал Мубин яке аз фармондеҳони маъруфи гурӯҳи толибон аз сӯйи аъзои истихбороти ин гурӯҳ дар шаҳри Кобул боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Генерал Мубин ба иттиҳоми ҳамсӯи бо чаҳор узви гурӯҳи толибон, ки дар ихтитофи як бозаргон даст доштанд, боздошт шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол, муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, низ дар сафҳаи твиттериаш навиштааст, ки “бархе манобеи мувассақ таъйид мекунанд, ки генерал Мубин аз тарафи истихбороти толибон дастгир ва баъдан кушта шудааст".
Ин дар ҳолест, ки ахиран чаҳор узви гурӯҳи толибон як бозаргонро аз маҳали кораши рабуда ва бо афроди толибон дар ҳавзаи чаҳоруми Кобул, даргир шуданд.
Дар он даргирӣ ҳамаи чаҳор тан аз аъзои толибон, ки дар ихтитофи бозаргон нақш доштанд, кушта шуданд.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2023
Афғонистон барои шашумин бор унвони ноамнтарин кишвари ҷаҳон баргузида шуд
Пештар толибҳо Абдулҳамиди Хуросонӣ, яке аз қумондонҳои тоҷиктаборашон дар вилояти Панҷшерро халъи силоҳ карданд.
тамоми аслиҳаву амволи Хуросонӣ, ки дар маҳаллаи Хайрхонаи Кобул буд, мусодира шуд.
ахмин меравад, ки ин як вокуниш ба шикоятҳои Хуросонӣ ба расонаҳои мухолиф дар бораи раҳбарони толибҳо мебошад.
Вай ахиран дар "Twitter" навишт, ки аз хидмат дар сафи ин гуруҳ худдорӣ мекунад, зеро дар он ҷо паштунҳои ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ ҳукмронӣ мекунанд, бахусус вазири дифоъ, Муҳаммад Яъқубро зикр намудаст, ки аз рӯи меъёрҳои қавмӣ афроде мисли Хуросониро таҳқир мекунад.
Лентаи хабарҳо
0