https://sputnik.tj/20230105/furudgoh-baynalmilalii-khujand-tekhnika-kharidor-1054013663.html
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ кардааст
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз зиёд гардидани парки мошинҳои Фурудгоҳ хабар додааст. Ҳоло техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид
2023-01-05T19:40+0500
2023-01-05T19:40+0500
2023-01-05T19:40+0500
дар тоҷикистон
суғд
фурудгоҳ
хизматрасонӣ
аҳмадзода
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/05/1054013489_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_c173bcf7df314316404e8d89e4c5c282.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ гардидааст, иттилоъ додааст раҳбарияти Фурудгоҳ зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Фурудгоҳи байналмилалӣ.Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, техникаҳои замонавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба мусофирон харидорӣ гардида, шумораи техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид.“Тибқи иттилои масъулини фурудгоҳ 3 адад автобус, 4 адад зинаҳои махсус (трап), 2 адад лентаҳои муосир, 2 таҷҳизоти барқӣ барои муҳаррик, 8 адад мошин, 4 таҷҳизот барои бо об таъмин намудани ҳавопаймо ва ғайраҳо харидорӣ шудааст, ҳамаи техникаву таҷҳизот навтарин маҳсуб меёбад”, - иттилоъ додааст манбаъ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки раиси вилоят аснои шиносоӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дар оянда низ дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир ба масъулин тавсияҳо дод.Ҳамзамон дар ин дидор роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Каромат Икромова ва Рақиб Умаровро, ки солҳои зиёд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд кор кардаанд, аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои моддӣ расонид.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/05/1054013489_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_d98f188847b2a5263aaf6eb2b1b723f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фурудгоҳ, хуҷанд, парк, мошинҳо, тоҷикистон, суғд, харидорӣ, раҳбарият
фурудгоҳ, хуҷанд, парк, мошинҳо, тоҷикистон, суғд, харидорӣ, раҳбарият
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ кардааст
Раҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз зиёд гардидани парки мошинҳои Фурудгоҳ хабар додааст. Ҳоло техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ гардидааст, иттилоъ додааст раҳбарияти Фурудгоҳ зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Фурудгоҳи байналмилалӣ.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, техникаҳои замонавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба мусофирон харидорӣ гардида, шумораи техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид.
“Тибқи иттилои масъулини фурудгоҳ 3 адад автобус, 4 адад зинаҳои махсус (трап), 2 адад лентаҳои муосир, 2 таҷҳизоти барқӣ барои муҳаррик, 8 адад мошин, 4 таҷҳизот барои бо об таъмин намудани ҳавопаймо ва ғайраҳо харидорӣ шудааст, ҳамаи техникаву таҷҳизот навтарин маҳсуб меёбад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки раиси вилоят аснои шиносоӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дар оянда низ дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир ба масъулин тавсияҳо дод.
Ҳамзамон дар ин дидор роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Каромат Икромова ва Рақиб Умаровро, ки солҳои зиёд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд кор кардаанд, аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои моддӣ расонид.