https://sputnik.tj/20230104/qahramoni-rusiya-judo-navrasoni-tojik-1054001048.html
Қаҳрамони Русия дар риштаи ҷудо наврасони тоҷикро тамрин медиҳад
Қаҳрамони Русия дар риштаи ҷудо наврасони тоҷикро тамрин медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тамринҳои якҳафтаина дар шаҳри Душанбе барои наврасон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон бо ҷалби ҷудокори шинохтаи Русия идома доранд
2023-01-04T15:00+0500
2023-01-04T15:00+0500
2023-01-04T15:00+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
тамрин
қаҳрамон
тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/04/1054000891_0:390:1440:1200_1920x0_80_0_0_d341cf27e73efea3de106220c32ae12b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" дар шаҳри Душанбе барои 25 навраси соли таваллудашон 2010-2011 ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ баргузор кардааст, ки то 9 январ идома меёбанд. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба наврасони тоҷик Давид Габаидзе тамрин медиҳад, ки унвони қаҳрамони Русия дар риштаи ҷудо ва ҷоизадори қаҳрамонии Аврупо мебошад. Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ наврасони нисбатан фаъол муайян шуда, барои мусобиқаҳои байналмилалӣ омода хоҳанд шуд, афзуд манбаъ. Маврид ба зикр аст, ки худи Габаидзе дар бошгоҳи Маҳмадбековҳо дар Иркутск тамрин дида буд. Ахиран худи роҳбари пешини Федератсияи ҷудои вилояти Иркутски Русия, Эргаш Маҳмадбеков ахиран ба мақоми ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб гардид.Эргаш, ки аз хонаводаи маъруфи паҳлавонҳо дар Тоҷикистону Русия - Маҳмадбековҳо мебошад, нақшаҳояш барои рушди ҷудо дар ҷумҳуриро баён дошт.Дар қадами аввал Маҳмадбеков гуфт, ки барои эҷоди як низоми муосири ҷудо ва то ба сатҳи нави ҷаҳонӣ расондани он корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст.Дар ин робита президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Исмоили Маҳмадзоир ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ба мавофиқа расидааст, ки ҷудокорони тоҷикро барои тамрин ба Австрия мефиристад.Инчунин барои варзишгарони тоҷик мураббиёни ботаҷрибаи ҷопонӣ ҷалб шудаанд, то дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондодҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъоварӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20221225/ergash-mahmadbekov-noibi-ismoili-mahmadzohir-tayin-shud-1053778439.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/04/1054000891_0:351:1440:1431_1920x0_80_0_0_713a5f8b3a92d9252394bb35be4e4ce9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамрин, наврасон, русия, қаҳрамон, ҷудо
тамрин, наврасон, русия, қаҳрамон, ҷудо
Қаҳрамони Русия дар риштаи ҷудо наврасони тоҷикро тамрин медиҳад
Тамринҳои якҳафтаина дар шаҳри Душанбе барои наврасон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон бо ҷалби ҷудокори шинохтаи Русия идома доранд
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" дар шаҳри Душанбе барои 25 навраси соли таваллудашон 2010-2011 ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ баргузор кардааст, ки то 9 январ идома меёбанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба наврасони тоҷик Давид Габаидзе тамрин медиҳад, ки унвони қаҳрамони Русия дар риштаи ҷудо ва ҷоизадори қаҳрамонии Аврупо мебошад.
Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ наврасони нисбатан фаъол муайян шуда, барои мусобиқаҳои байналмилалӣ омода хоҳанд шуд, афзуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки худи Габаидзе дар бошгоҳи Маҳмадбековҳо дар Иркутск тамрин дида буд.
Ахиран худи роҳбари пешини Федератсияи ҷудои вилояти Иркутски Русия, Эргаш Маҳмадбеков ахиран ба мақоми ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб гардид.
Эргаш, ки аз хонаводаи маъруфи паҳлавонҳо дар Тоҷикистону Русия - Маҳмадбековҳо мебошад, нақшаҳояш барои рушди ҷудо дар ҷумҳуриро баён дошт.
Дар қадами аввал Маҳмадбеков гуфт, ки барои эҷоди як низоми муосири ҷудо ва то ба сатҳи нави ҷаҳонӣ расондани он корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст.
"Дар марҳилаи аввал мо нақша дорем, ки аз кишварҳои пешрафтаи варзишӣ мутахассисони варзидаи ҷудоро даъват кунем, то анъана ва таҷрибаи беҳтарини пешрафтаи ҷаҳонро аз худ кунанд", - гуфт Маҳмадбеков.
Дар ин робита президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Исмоили Маҳмадзоир ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ба мавофиқа расидааст, ки ҷудокорони тоҷикро барои тамрин ба Австрия мефиристад.
Инчунин барои варзишгарони тоҷик мураббиёни ботаҷрибаи ҷопонӣ ҷалб шудаанд, то дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондодҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъоварӣ намоянд.