Қадрдонии раиси Хатлон аз Сайдалиева ва ғолибони дигари озмунҳои ҷумҳуриявӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаГлава Хатлонской области Курбон Хакимзода
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2023
Обуна шудан
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши илму маориф ва фарҳанг аз Хатлон аз сӯи раиси вилоят бо ҷоизпулӣ ба андозаи аз 7 то 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли 2022-ро бо 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки Шоҳҷоизаро хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиб шуда буд ва аз раиси Хатлон дар баробари ҷоизапулӣ инчунин "Ифтихорнома"-ро гирифт.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон мегӯяд, ба ғолибони се озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - Фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", яъне гирандаи ҷойи аввал 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюми 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Дар маросими қадрдонӣ инчунин 15 нафар омӯзгорон, 28 нафар гирандагони ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Соҳибватан" ва 15 нафар гирандагони ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Омӯзгори ифтихории Хатлон" бо туҳфаҳои пулӣ ва "Сипоснома" қадрдонӣ гардидаанд.
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Раиси Данғара ғолиби озмуни ҷумҳуриявии китобхониро қадрдонӣ кард
Қаблан "Ифтихорнома" ва мукофоти пулиро ба Шаҳло Сайдалиева, раиси ноҳияи Данғара, Исломиддин Раҳмон тақдим намуда буд. Ба иттилои ҳукумати Данғара, Исломиддин Раҳмон хонандаи синфи 10-и мактаби №8-и ноҳияро бо 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард.
Маврид ба зикр аст, ки шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва 70 ҳазор сомониро Шаҳло Сайдалиева гирифта буд. Ҳамчунин ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номина эълон ва қадрдонӣ шуданд.
Дар даври ниҳоии озмунии мазкур 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ - аз синфи 1 то 11 иштирок доштанд.
Ҳудуди 83 нафарашон донишҷӯён - магистрантон, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат намуданд.
Лентаи хабарҳо
0