https://sputnik.tj/20230104/milisai-tojik-qabuli-ariza-internet-oghoz-1054001587.html
Милисаи Тоҷикистон ба қабули ариза аз тариқи интернет оғоз кард
Милисаи Тоҷикистон ба қабули ариза аз тариқи интернет оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Қабули аризаҳои электронии шаҳрвандон ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия роҳандозӣ гардидааст
2023-01-04T15:50+0500
2023-01-04T15:50+0500
2023-01-04T15:50+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вкд
ариза
қабул
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101392/28/1013922895_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_5e90e8ab2c1a999cae607b55edab5371.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят нахуст дар шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад, иттилоъ дод "Ховар" аз қавли Вазорати корҳои дохилӣ. Ба иттилои ВУД, сокинони шаҳри Душанбе минбаъд метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ аз тариқи интернет ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст, ки мақсади асосии он роҳандозоии ҳамкории зичи мақомот бо мардум арзёбӣ мешавад. Дар доираи ислоҳот дар навоҳии Тоҷикистон шӯроҳои ҷамъиятии ислоҳоти милиса ташкил карда шудаанд, ки аъзои аз ҳисоби намояндагони қишрҳои гуногун ҷалб мегарданд. Ҳадафи чунин шӯроҳо, ба иттилои ВУД, ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.Шӯроҳо аз ҳисоби ихтиёриён, аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил гардида, ҳолати криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ, усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омӯхта, барои мукаммалсозии фаъолияти мақомоти милиса пешниҳодҳо мекунад.
https://sputnik.tj/20221212/muloqot-general-tojik-milisa-tojikiston-maskav-1053453878.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101392/28/1013922895_169:0:1412:932_1920x0_80_0_0_af1622712731596c4a67c7cb090e0dd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, қабул, электронӣ, ариза, тоҷикистон
оғоз, қабул, электронӣ, ариза, тоҷикистон
Милисаи Тоҷикистон ба қабули ариза аз тариқи интернет оғоз кард
Қабули аризаҳои электронии шаҳрвандон ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия роҳандозӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят нахуст дар шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад, иттилоъ дод "Ховар" аз қавли Вазорати корҳои дохилӣ.
Ба иттилои ВУД, сокинони шаҳри Душанбе минбаъд метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ аз тариқи интернет ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд.
"Қабули электронии аризаи шаҳрвандон аз навгониҳои хизматии милитсия ба аҳолист, ки дар доираи "Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025" роҳандозӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст, ки мақсади асосии он роҳандозоии ҳамкории зичи мақомот бо мардум арзёбӣ мешавад.
Дар доираи ислоҳот дар навоҳии Тоҷикистон шӯроҳои ҷамъиятии ислоҳоти милиса ташкил карда шудаанд, ки аъзои аз ҳисоби намояндагони қишрҳои гуногун ҷалб мегарданд.
Ҳадафи чунин шӯроҳо, ба иттилои ВУД, ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Шӯроҳо аз ҳисоби ихтиёриён, аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил гардида, ҳолати криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ, усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омӯхта, барои мукаммалсозии фаъолияти мақомоти милиса пешниҳодҳо мекунад.