https://sputnik.tj/20230104/irs-mahdudiyat-harakat-dushanbe-chanoq-1053999060.html
IRS маҳдудиятҳои ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқро лағв кард
IRS маҳдудиятҳои ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқро лағв кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, барои чанд соат ҳаракат дар масирро маҳдуд кард
2023-01-04T11:50+0500
2023-01-04T11:50+0500
2023-01-04T11:50+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
пешгӯӣ
душанбе
барф
боркаш
тарма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/07/1052678658_0:4:960:544_1920x0_80_0_0_07abd159648d4be823f496a66ef8982d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Ҳаракати фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор дар масири Душанбе - Чаноқ, ки муваққатан маҳдуд гардида буд, иҷозат дода шуд.Дар ин бора ширкати роҳбони IRS бо нашри як иттилоия хабар дод. Маҳдудият дар ин масир субҳи 4 январ роҳандозӣ гардида, масъулин онро ба шиддати барфрезию тармафароиҳои шабона рабт доданд. Ба иттилои ширкати роҳбон, дар масири Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дошта, шаби 3 ба 4 январ дар чанд қитъа, аз ҷумла километри 156 тарма фаромад.Таъкид гардид, ки танҳо барои чанд соат гузариши фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шуда буд, ки акнун он ҳам бардошта шуд. Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, қаблан низ ҳаракат мошинҳои боркаш ва ядакдорро маҳдуд карда буд.Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки пеш аз сафар ҳатман ба ҳолати техникии автомобилҳояшон, аз ҷумла ба талаботи хоси мавсими сармо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то зимни сафар ба мушкил мувоҷеҳ нагарданд. Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.
https://sputnik.tj/20230104/barf-tormegh-peshgui-havo-tojikiston-1053997607.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/07/1052678658_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_56866d6887c8e66e580f6a07e40f6cac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лағв, маҳдудият, душанбе, чаноқ, роҳ, баста
лағв, маҳдудият, душанбе, чаноқ, роҳ, баста
IRS маҳдудиятҳои ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқро лағв кард
Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, барои чанд соат ҳаракат дар масирро маҳдуд кард
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Ҳаракати фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор дар масири Душанбе - Чаноқ, ки муваққатан маҳдуд гардида буд, иҷозат дода шуд.
Дар ин бора ширкати роҳбони IRS бо нашри як иттилоия хабар дод. Маҳдудият дар ин масир субҳи 4 январ роҳандозӣ гардида, масъулин онро ба шиддати барфрезию тармафароиҳои шабона рабт доданд.
Ба иттилои ширкати роҳбон, дар масири Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дошта, шаби 3 ба 4 январ дар чанд қитъа, аз ҷумла километри 156 тарма фаромад.
"Вобаста ба ҳолати мазкур фаврӣ тадбирандешӣ шуда, дар муддати бениҳоят кӯтоҳ онҳо бартараф гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки танҳо барои чанд соат гузариши фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шуда буд, ки акнун он ҳам бардошта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, қаблан низ ҳаракат мошинҳои боркаш ва ядакдорро маҳдуд карда буд.
Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки пеш аз сафар ҳатман ба ҳолати техникии автомобилҳояшон, аз ҷумла ба талаботи хоси мавсими сармо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то зимни сафар ба мушкил мувоҷеҳ нагарданд.
Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.