https://sputnik.tj/20230103/darguzashti-burhon-mahmadqulov-ovozkhonii-marufi-tojik-1053984398.html
Даргузашти Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи тоҷик
Даргузашти Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи академӣ-классикии тоҷик, дар шаҳри Душанбе дар синни 77 – солагӣ чашм аз олам пӯшид
2023-01-03T12:35+0500
2023-01-03T12:35+0500
2023-01-04T09:48+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
овозхон
маъруф
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_0:181:3000:1869_1920x0_80_0_0_a586ab6898c914076b25657d652e445e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв – Sputnik. Вай яке аз устодони санъат буд, ки ҳам дар овозхонии академӣ ва ҳам классикӣ дар Тоҷикистон назир надошт.Яке аз хешовандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Бурҳон Маҳмадқулов пас аз мӯҳлате бистарӣ шудан ҷон ба ҷонофарин таслим кардааст.Бурҳон Мамадқулов 27 майи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъат, 1963) ва Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав ба номи Чайковский (1967) бо ихтисоси овозхони академӣ аст.Пас аз кор дар Театри калони шаҳри Маскав, шуруъ аз соли 1970 сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва аз солҳои 90 ба ин сӯ овозхони ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.Бурҳон Мамадқулов аз шогирдони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов ба ҳисоб рафта, бештар ҳамчун овозхони санъати академӣ маъруф шуд, бахусус, иҷрои партияҳои асосӣ дар операҳои миллӣ ва классикии русу Ғарб, назири "Шӯриши Восеъ" (Сергей .Баласанян), “Қишлоқи тиллоӣ” (Дамир Дӯстмуҳаммадов), “Комде ва Мадан” (Зиёдулло Шаҳидӣ), “Рустам ва Суҳроб” (Талаб Сатторов” ва ғайраро ба дӯш доштааст.Беш аз 90 таронаву романси оҳангсозони мухталиф ва сурудҳои халқиву классикиро иҷро намудааст, назири “Гулъузорам”, “Дилбари ҷонон”, “Таронаи Баёт”, “Ушшоқ”, “Зи сӯзи сина”, “Муҳаббат” ва ғайра, ки аксарияти онҳо дар фонди тилоии Радиои тоҷик сабт шудаанд.Бурҳон Мамадқулов ҳамзамон устоди кафедраи овозхонии академии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва профессори кафедраи овозхонии академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов буд, ки шогирдоне, назири Акбар Мирраҷабов ва Содиқ Нуруллоев, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистонро тарбия кардааст.Вай даҳҳо унвон, аз ҷумла Ҳунарпешаи шоиста ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор шудааст.
https://sputnik.tj/20221210/rais-nohiya-jaloliddin-balkh-darguzasht-1053427071.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_0dacb62e44d3b8edae11c1a142ae7ae1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даргузашт, овозхон, душанбе, маъруф, тоҷик, аз олам чашм пӯшид, бурҳон маҳмадқулов
тоҷикистон, даргузашт, овозхон, душанбе, маъруф, тоҷик, аз олам чашм пӯшид, бурҳон маҳмадқулов
Даргузашти Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи тоҷик
12:35 03.01.2023 (Навсозишуда: 09:48 04.01.2023) Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи академӣ-классикии тоҷик, дар шаҳри Душанбе дар синни 77 – солагӣ чашм аз олам пӯшид
ДУШАНБЕ, 3 янв – Sputnik. Вай яке аз устодони санъат буд, ки ҳам дар овозхонии академӣ ва ҳам классикӣ дар Тоҷикистон назир надошт.
Яке аз хешовандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Бурҳон Маҳмадқулов пас аз мӯҳлате бистарӣ шудан ҷон ба ҷонофарин таслим кардааст.
“Устод як инсони зиндадил ва ҳамеша саршор буданд, аммо пас аз фавти писарашон дар соли 2018 тағйир карданд ва дарун-дарун ғусса мехӯрданд ва маълум буд, ки сиҳатиашон ҳам хуб нест”, - гуфт ӯ.
Бурҳон Мамадқулов 27 майи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъат, 1963) ва Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав ба номи Чайковский (1967) бо ихтисоси овозхони академӣ аст.
Пас аз кор дар Театри калони шаҳри Маскав, шуруъ аз соли 1970 сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва аз солҳои 90 ба ин сӯ овозхони ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.
Бурҳон Мамадқулов аз шогирдони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов ба ҳисоб рафта, бештар ҳамчун овозхони санъати академӣ маъруф шуд, бахусус, иҷрои партияҳои асосӣ дар операҳои миллӣ ва классикии русу Ғарб, назири "Шӯриши Восеъ" (Сергей .Баласанян), “Қишлоқи тиллоӣ” (Дамир Дӯстмуҳаммадов), “Комде ва Мадан” (Зиёдулло Шаҳидӣ), “Рустам ва Суҳроб” (Талаб Сатторов” ва ғайраро ба дӯш доштааст.
Беш аз 90 таронаву романси оҳангсозони мухталиф ва сурудҳои халқиву классикиро иҷро намудааст, назири “Гулъузорам”, “Дилбари ҷонон”, “Таронаи Баёт”, “Ушшоқ”, “Зи сӯзи сина”, “Муҳаббат” ва ғайра, ки аксарияти онҳо дар фонди тилоии Радиои тоҷик сабт шудаанд.
Бурҳон Мамадқулов ҳамзамон устоди кафедраи овозхонии академии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва профессори кафедраи овозхонии академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов буд, ки шогирдоне, назири Акбар Мирраҷабов ва Содиқ Нуруллоев, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистонро тарбия кардааст.
Вай даҳҳо унвон, аз ҷумла Ҳунарпешаи шоиста ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор шудааст.