https://sputnik.tj/20230101/razmoishe-qirghiziston-barguzori-guzaronda-1053966999.html
Размоиши СААД, ки Қирғизистон баргузории онро рад кард, дар макони нав гузаронда мешавад
Размоиши СААД, ки Қирғизистон баргузории онро рад кард, дар макони нав гузаронда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Размоиши "Бародарии абадӣ" ягона банде аз нақшаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои соли 2022 мебошад, ки кишварҳои созмон иҷро накарда буданд
2023-01-01T18:35+0500
2023-01-01T18:35+0500
2023-01-01T18:35+0500
саад
амният ва мудофиа
размоиш
арманистон
тамрин
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102389/96/1023899633_0:0:3467:1950_1920x0_80_0_0_da9ae693e4c18471569ce3da2db64c96.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар соли нав размоиши "Бародарии абадӣ - 2023"-и нерӯҳои кишварҳои узви СААД гузаронда хоҳад шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи РусияБа иттилои манбаъ, макони тамриноти нерӯҳои посдори сулҳи СААД, “Бародарии абадӣ-2023” Арманистон интихоб гардидааст. Ин тамриноти густурда аз соли 2012 ҳамасола дар қаламрави яке аз кишварҳои узви ин созмон доир мешавад. Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии абадӣ - 2022" аз 10 то 14 октябри соли 2022 дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба таъхир андохта шуд. Дабири кулли пешини СААД, Станислав Зас дар ҷамъбасти сол изҳор дошт, ки чорабинии мазкур бо дархости Қирғизистон ба таъхир андохта шуд ва он дар оянда баргузор мегардад.Дар шарҳи далели таъхир дабири кулли СААД гуфт, дар пайи ҳодисаҳои маълум дар Қирғизистон шароити мусоид барои баргузории ин чорабинӣ фароҳам нашуда буд.Зас афзуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти созмон дар оянда ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ миёни кишварҳои узв мебошад.Қаблан муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов, аз ҷумла сабаби лағви размоишҳои СААД аз ҷониби Бишкекро даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ кард."Аммо, албатта, дар партави рӯйдодҳои ахир, ки хун ҳанӯз сард нашудааст, афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин машқҳо истиқбол намекунад", - гуфта буд ӯ.Ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, намешуд намояндагони Тоҷикистонро гӯянд, набиёеду дигарон биёянд. Вай таъкид намуд, ки дар тамоми пойтахтҳои кишварҳои узви СААД ин иқдомро дарк кардаанд.
https://sputnik.tj/20221223/gerasimov-omodagii-saad-himoya-manofe-1053714724.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102389/96/1023899633_360:0:3091:2048_1920x0_80_0_0_e31c273b1a20932d2b3a6ec00165eb3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арманистон, мизбон, размоиш, саад
арманистон, мизбон, размоиш, саад
Размоиши СААД, ки Қирғизистон баргузории онро рад кард, дар макони нав гузаронда мешавад
Размоиши "Бародарии абадӣ" ягона банде аз нақшаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои соли 2022 мебошад, ки кишварҳои созмон иҷро накарда буданд
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар соли нав размоиши "Бародарии абадӣ - 2023"-и нерӯҳои кишварҳои узви СААД гузаронда хоҳад шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия
Ба иттилои манбаъ, макони тамриноти нерӯҳои посдори сулҳи СААД, “Бародарии абадӣ-2023” Арманистон интихоб гардидааст.
Ин тамриноти густурда аз соли 2012 ҳамасола дар қаламрави яке аз кишварҳои узви ин созмон доир мешавад. Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии абадӣ - 2022" аз 10 то 14 октябри соли 2022 дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба таъхир андохта шуд.
Дабири кулли пешини СААД, Станислав Зас дар ҷамъбасти сол изҳор дошт, ки чорабинии мазкур бо дархости Қирғизистон ба таъхир андохта шуд ва он дар оянда баргузор мегардад.
Дар шарҳи далели таъхир дабири кулли СААД гуфт, дар пайи ҳодисаҳои маълум дар Қирғизистон шароити мусоид барои баргузории ин чорабинӣ фароҳам нашуда буд.
Зас афзуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти созмон дар оянда ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ миёни кишварҳои узв мебошад.
Қаблан муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов, аз ҷумла сабаби лағви размоишҳои СААД аз ҷониби Бишкекро даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ кард.
"Аммо, албатта, дар партави рӯйдодҳои ахир, ки хун ҳанӯз сард нашудааст, афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин машқҳо истиқбол намекунад", - гуфта буд ӯ.
Ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, намешуд намояндагони Тоҷикистонро гӯянд, набиёеду дигарон биёянд. Вай таъкид намуд, ки дар тамоми пойтахтҳои кишварҳои узви СААД ин иқдомро дарк кардаанд.