https://sputnik.tj/20230101/payom-solinav-putin-nuqta-1053961311.html
Нуқтаҳои муҳими паёми солинавии Путин – видео
Нуқтаҳои муҳими паёми солинавии Путин – видео
Sputnik Тоҷикистон
Паёми нуқҳдақиқаии солинавии президенти Русия дар пасманзари низомиён ироа шуда, нуқтаҳои муҳимеро аз гузаштаю нақшаҳои оянда фаро гирифт
2023-01-01T13:30+0500
2023-01-01T13:30+0500
2023-01-01T13:47+0500
видео
сиёсат
соли нав
владимир путин
кишвар
бузург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/01/1053961475_8:0:634:352_1920x0_80_0_0_2a8238f4eaac533afb3100d5d4c06cf6.jpg
Соли 2022 барои тамоми ҷаҳону Русия таҳаввулоти куллӣ овард, изҳор дошт раисҷумҳури ФР, Владимир Путин дар паёми солинавияш. Ӯ зикр намуд, ки соли сипаришуда замони қабули қарорҳои душвор, зарурӣ, қадамҳои муҳимтарин дар роҳи ба даст овардани соҳибихтиёрии комили Русия буд.Вай зимни суҳбат дар бораи амалиёти вижа барои ҳимояи Донбасс таъкид кард, ки ҳақиқат дар ҷониби Русия аст, ки мардуми худро дар қаламравҳои таърихии худ ҳифз мекунад.Президент ҳамчунин ба мардум барои дастгирӣ аз амалиёти низомӣ миннатдорӣ баён намуд. Президенти Русия илова намуд, элитаҳои ғарбӣ тӯли солҳо ба ниятҳои осоиштаи худ, аз ҷумла дар мавриди мушкилоти Донбасс итминон медоданд, аммо дар асл онҳо аз нозиёни навбаромад пуштибонӣ мекарданд. Таманниёти солинавии Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикистониён - видеоДар амал ба таҷовуз омодагӣ медиданд ва ҳоло дар ин бора ошкоро ҳарф мезананду мардуми украинро барои пароканда ва заиф кардани Русия истифода мебаранд, гуфт Путин. Путин такъид намуд, ки Русия тамоми душвориҳоро паси сар карда, кишварро бузургу мустақил нигоҳ медорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/01/1053961475_86:0:555:352_1920x0_80_0_0_d762a43ec9e9c626cb77182a8015686b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, путин, президент, русия, соли нав, табрик, шодбош
паём, путин, президент, русия, соли нав, табрик, шодбош
Нуқтаҳои муҳими паёми солинавии Путин – видео
13:30 01.01.2023 (Навсозишуда: 13:47 01.01.2023) Паёми нуқҳдақиқаии солинавии президенти Русия дар пасманзари низомиён ироа шуда, нуқтаҳои муҳимеро аз гузаштаю нақшаҳои оянда фаро гирифт
Соли 2022 барои тамоми ҷаҳону Русия таҳаввулоти куллӣ овард, изҳор дошт раисҷумҳури ФР, Владимир Путин дар паёми солинавияш.
Ӯ зикр намуд, ки соли сипаришуда замони қабули қарорҳои душвор, зарурӣ, қадамҳои муҳимтарин дар роҳи ба даст овардани соҳибихтиёрии комили Русия буд.
Вай зимни суҳбат дар бораи амалиёти вижа барои ҳимояи Донбасс таъкид кард, ки ҳақиқат дар ҷониби Русия аст, ки мардуми худро дар қаламравҳои таърихии худ ҳифз мекунад.
Президент ҳамчунин ба мардум барои дастгирӣ аз амалиёти низомӣ миннатдорӣ баён намуд.
"Мардуми сермиллати мо, чун дар тамоми давраҳои душвори таърихи Русия мардонагӣ ва шаъну шарафашро нишон дод. Онҳо дар сухан ва амал муҳофизони Ватанро, ҳамаи иштирокдорони амалиёти низомиро дастгирӣ карданд", - гуфт ӯ.
Президенти Русия илова намуд, элитаҳои ғарбӣ тӯли солҳо ба ниятҳои осоиштаи худ, аз ҷумла дар мавриди мушкилоти Донбасс итминон медоданд, аммо дар асл онҳо аз нозиёни навбаромад пуштибонӣ мекарданд.
Дар амал ба таҷовуз омодагӣ медиданд ва ҳоло дар ин бора ошкоро ҳарф мезананду мардуми украинро барои пароканда ва заиф кардани Русия истифода мебаранд, гуфт Путин.
Путин такъид намуд, ки Русия тамоми душвориҳоро паси сар карда, кишварро бузургу мустақил нигоҳ медорад.