Ҳоли панҷгоникҳои тоҷик, ки 2-сола шуданд: Падар дар муҳоҷирату модар аз масъулият гуфт

© сомонаи ҳукумати ХатлонКӯдакони панҷгоник дар таваллудхонаи Душанбе
Кӯдакони панҷгоник дар таваллудхонаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2023
Обуна шудан
Панҷгоникҳо, ки барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон таваллуд шуда буданд, дусола шуданд. Модар дар бораи ҳоли хонадону феъли кӯдакон қисса кард
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Падари панҷгоникҳо, Раҳмон Нормуродов ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, модар ба нигоҳубини фарзандҳо машғул мебошад, ки аллакай дар арафаи Соли нав дусола шуданд.
Дар ин бора рӯзномаи "Хатлон" хабар додааст, ки намояндааш бахшида ба солгарди зодрӯзи панҷгоникҳо ва ҷашни Соли нав ба хабаргирияшон рафтаст.
Модари Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадича - Дилноза Мамадова, ки 30 декабр дусолагии фарзандонашро ҷашн гирифт, қисса кардааст, ки онҳо аллакай роҳгардон шуда, ба гапзанӣ оғоз намуданд.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Дар Исфара зани 27-сола чоргоник таваллуд кард
"Ҳусейн аввалин шуда роҳ гаштанро ёд гирифт. Баъдан Бибиоиша, Зуҳро, Фотима ва Ҳасан ба қадаммонӣ оғоз карданд. Аз рӯзе, ки онҳо роҳгардон шуданд, масъулияти ман низ бештар гашт. Ҳар лаҳзаву дақиқа зери назоратанд", - нақл кардаст модар.
Ӯ афзудаст, аз рӯзе, ки шавҳараш ба муҳоҷират рафтааст, нигоҳубини фарзандони шӯхгашта барояш мушкилтар шудааст, аммо шукронаи дӯстону наздикон, ки ҳамеша ба кумакаш меоянд.
"Дар баробари ин, рафтору феълашон низ тағйир меёбад. Ҳусейн аслан бачаи шӯхтабиат, серҳаракат, Бибиоиша ва Зуҳро бошанд, оромтабиат, Фотима чусту чолок, нотарс, якрав, Ҳасан ором, ғамхору камгап мебошанд", - изҳор доштаст Мамадова.
Дар зимн мақомоти ноҳияи Қубодиён изҳор доштаанд, ки ҳоли ин хонадон таҳти назорати қатъияшон қарор дошта, мунтазам аз аҳволу зиндагияшон хабардор мешаванд.
Ёдовар мешавем, 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдод дар таърихи Тоҷикистон, назир надорад.
Дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст буд.
Лентаи хабарҳо
0