https://sputnik.tj/20230101/oghozi-rohbandi-irs-dushanbe-chanoq-1053963032.html
Оғози сол бе роҳбандӣ: IRS ҳолати роҳи Душанбе - Чаноқро шарҳ дод
Оғози сол бе роҳбандӣ: IRS ҳолати роҳи Душанбе - Чаноқро шарҳ дод
Ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул мебошад, аз ронандагон бо омодагиҳо ба роҳ бароянд 01.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-01T14:41+0500
2023-01-01T14:41+0500
2023-01-04T11:41+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
душанбе
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1a/1044419155_0:23:960:563_1920x0_80_0_0_865e98409a2dc72eed6b69e5f53e7be0.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Рӯзи аввали соли 2023 дар масири Душанбе - Чаноқ ягон маҳдудияти ҳаракат роҳандозӣ нашудааст, хабар дод ширкати IRS. Ба иттилои манбаъ, новобаста аз бориши пуршиддату давомдори барф, роҳи Душанбе - Чаноқ кушода буда, ҳаракати тамоми нақлиёт таъмин аст.Ин дар ҳолест, ки рӯзи дуюм аст, ки ширкати мазкур аз бориши барф дар ин масир хабар медиҳад. Рӯз қабл иттилоъ дода шуд, ки аз километри 18 то километри 160- уми роҳи Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати барф сурат гирифта истодааст. Рӯзи 31 декабр бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, гузариши фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор муваққатан маҳдуд шуда буд. Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки пеш аз сафар ҳатман ба ҳолати техникии автомобилҳояшон, аз ҷумла ба талаботи хоси мавсими сармо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то зимни сафар ба мушкил мувоҷеҳ нагарданд. Ҳангоми ҳаракат дар ин шоҳроҳ эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд.Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.
https://sputnik.tj/20221231/obuhavoshinosoni-tojik-ishtiboh-dushanbe-barf-1053951674.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1a/1044419155_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_017c6508222d55737d4d69de31e7815a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, роҳ, "инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs), душанбе
дар тоҷикистон, нақлиёт, роҳ, "инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs), душанбе
Оғози сол бе роҳбандӣ: IRS ҳолати роҳи Душанбе - Чаноқро шарҳ дод
14:41 01.01.2023 (Навсозишуда: 11:41 04.01.2023) Ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул мебошад, аз ронандагон бо омодагиҳо ба роҳ бароянд
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Рӯзи аввали соли 2023 дар масири Душанбе - Чаноқ ягон маҳдудияти ҳаракат роҳандозӣ нашудааст, хабар дод ширкати IRS.
Ба иттилои манбаъ, новобаста аз бориши пуршиддату давомдори барф, роҳи Душанбе - Чаноқ кушода буда, ҳаракати тамоми нақлиёт таъмин аст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи дуюм аст, ки ширкати мазкур аз бориши барф дар ин масир хабар медиҳад. Рӯз қабл иттилоъ дода шуд, ки аз километри 18 то километри 160- уми роҳи Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати барф сурат гирифта истодааст.
Рӯзи 31 декабр бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, гузариши фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор муваққатан маҳдуд шуда буд.
Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки пеш аз сафар ҳатман ба ҳолати техникии автомобилҳояшон, аз ҷумла ба талаботи хоси мавсими сармо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то зимни сафар ба мушкил мувоҷеҳ нагарданд. Ҳангоми ҳаракат дар ин шоҳроҳ эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд.
Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.