Русия ва Тоҷикистон дар соли 2023 се лоиҳаи сармоягузории бузургро роҳандозӣ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевЕвгений Коренков торговый представитель РФ в РТ
Евгений Коренков торговый представитель РФ в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Обуна шудан
Намояндаи тиҷории Русия гуфт, дар соли 2022 барои тоҷирони рус ба хотири татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои беназир фароҳам оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон се лоиҳаи нави сармоягузории ояндадорро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора ахиран дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков хабар додааст.
Ба гуфтаи оқои Коренков ин лоиаҳои бузург бояд дар соли 2023 роҳандозӣ шаванд.
Вай қайд кард, ки ҳамоиши сармоягузории Русия ва Тоҷикистон, ки 15 сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуд, ба рушди ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар такони хос бахшид.
“Натиҷаи ин ҳамкориҳо дар он аст, ки дар якҷоягӣ бо намояндагии тиҷорӣ се лоиҳаи хеле умедбахши сармоягузорӣ ба назар гирифта шудааст: марказ бо суръатбахшҳои электронӣ барои коркарди фитосанитарӣ, коркарди мева барои истеҳсоли пектин ва таъсиси иқтидори тавлидотӣ барои истеҳсоли пойафзол”, - гуфт намояндаи тиҷорӣ.
Президент РФ В. Путин подписывает указ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Путин ба сарвазир ва раиси парлумони Тоҷикистон орден дод
Вай гуфт, ки дар айни замон ширкатҳои русӣ бо дастгирии намояндагии тиҷорӣ тамоми маълумоти заруриро аз мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ доранд.
"Мо нақша дорем, ки дар соли 2023 ба марҳилаи фаъоли амалӣ гузарем",- илова кард оқои Коренков.
Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия дар 13 соли охир баиқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб сармоягузории мустақим беш аз 900 миллион долларро ташкил додааст . Ба ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 16 дарсади онро сармояҳои Русия ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0