https://sputnik.tj/20221230/sulh-hamsoyadori-nazdimarzi-tojikiston-qirghiziston-1053923380.html
Дуои сулҳ дар соли нав: мулоқоти сокинони ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Дуои сулҳ дар соли нав: мулоқоти сокинони ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарчи зудтар кушода шудани роҳҳо ва афзоиши рафтуомади сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз хостаҳои сокинони наздисарҳадӣ будааст
2022-12-30T12:28+0500
2022-12-30T12:28+0500
2022-12-30T14:00+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
мулоқот
ҳамсоя
амният ва мудофиа
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1e/1053922488_0:15:1000:578_1920x0_80_0_0_c2426c677a5a42735f517575159b2e6b.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Дар остонаи соли нави мелодӣ сокинони маҳаллӣ ва раисони ҷамоатҳои наздимарзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон вохурӣ баргузор кардаанд. Дар ин бор котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ӯғулой Қосидзода, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар вохурӣ раисони ҷамоатҳои наздимарзии Хистеварз ва Жани – Жер, Матлуба Ҷурабоева ва Қубатбек Мусаев ва инчунин раисони ҷамоатҳои Овчи – Қалъача ва Қулунди Абдуҳамид Одинавев ва Ускунбай Ташбалтаев ширкат намудаанд. "Зимни дидор ҷонибҳо дар бораи таҳкими дӯстиву рафоқат, эҳтирому оини ҳамсоядорӣ, ҳифзи амнияти минтақавӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишварҳои ҳамҷавор таъкид намуданд", – гуфт котиби матбуот. Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин вохурӣ, инчунин пирони рӯзгордида ва ҷавонон иштирок намуда ҷонибҳо бо мақсади тинҷиву амонӣ, оромиву осоиштагӣ, хушбахтии мардумони ҳарду кишвар дуо кардаанд. Ҳарчи зудтар кушода шудани роҳҳо ва афзоиши рафтуомади сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз хостаҳои дигари сокинони наздисарҳадӣ мебошанд, ки дар мулоқот садо додаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи роҳбарони вилоятҳо ва фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ҷонибҳо баргузор гардид, ки барои идомаи комиссияи муштарак дар соли 2023 ва ҷилавгирии ташаннуҷи вазъ дар марз мувофиқа кардаанд.
https://sputnik.tj/20221226/muzokirot-imzo-sanad-tojikistonu-qirghiziston-marz-1053809641.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1e/1053922488_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_da0d585c7c83e6b2b32e85f80275a3c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, роҳбарон, ҷамоат, наздимарзӣ, тоҷикистон, қирғизистон
мулоқот, роҳбарон, ҷамоат, наздимарзӣ, тоҷикистон, қирғизистон
Дуои сулҳ дар соли нав: мулоқоти сокинони ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
12:28 30.12.2022 (Навсозишуда: 14:00 30.12.2022) Эксклюзив
Ҳарчи зудтар кушода шудани роҳҳо ва афзоиши рафтуомади сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз хостаҳои сокинони наздисарҳадӣ будааст
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Дар остонаи соли нави мелодӣ сокинони маҳаллӣ ва раисони ҷамоатҳои наздимарзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон вохурӣ баргузор кардаанд.
Дар ин бор котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ӯғулой Қосидзода, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар вохурӣ раисони ҷамоатҳои наздимарзии Хистеварз ва Жани – Жер, Матлуба Ҷурабоева ва Қубатбек Мусаев ва инчунин раисони ҷамоатҳои Овчи – Қалъача ва Қулунди Абдуҳамид Одинавев ва Ускунбай Ташбалтаев ширкат намудаанд.
"Зимни дидор ҷонибҳо дар бораи таҳкими дӯстиву рафоқат, эҳтирому оини ҳамсоядорӣ, ҳифзи амнияти минтақавӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишварҳои ҳамҷавор таъкид намуданд", – гуфт котиби матбуот.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин вохурӣ, инчунин пирони рӯзгордида ва ҷавонон иштирок намуда ҷонибҳо бо мақсади тинҷиву амонӣ, оромиву осоиштагӣ, хушбахтии мардумони ҳарду кишвар дуо кардаанд.
Ҳарчи зудтар кушода шудани роҳҳо ва афзоиши рафтуомади сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз хостаҳои дигари сокинони наздисарҳадӣ мебошанд, ки дар мулоқот садо додаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи роҳбарони вилоятҳо ва фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ҷонибҳо баргузор гардид, ки барои идомаи комиссияи муштарак дар соли 2023 ва ҷилавгирии ташаннуҷи вазъ дар марз мувофиқа кардаанд.