https://sputnik.tj/20221230/shoh-futbol-motam-braziliya-tanho-1053918518.html
Шоҳи футбол даргузашт: Мотам дар Бразилия ва маросими видоъ - видео
Шоҳи футбол даргузашт: Мотам дар Бразилия ва маросими видоъ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Пеле Бразилия ва дӯстдорони футбол дар тамоми ҷаҳонро ба мотам шинонд. Видоъ бо шоҳи футбол дар варзишгоҳ сурат хоҳад гирифт
2022-12-30T10:32+0500
2022-12-30T10:32+0500
2022-12-30T11:06+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
даргузашт
бразилия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1e/1053915268_0:153:2048:1305_1920x0_80_0_0_8de55d68dfd66d48f59c9529770e3d13.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Шоҳи футбол, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, футболбози асру ҳамаи замон дар синни 82-солагӣ бар асари саратони меъда дунёро падруд гуфт. Бошгоҳи "Сантос", ки Пеле дар он бозӣ мекард, иттилоъ дод, ки тобути футболбози достонӣ 2 январ аз беморхона ба варзишгоҳи "Вила Белмиро" бурда мешавад, ки дар он ҷо маросими видоъ баргузор мегардад. Баъди гузашт аз кӯчаю хиёбонҳои Сантос Пелеро ба хок хоҳанд супурд. Бемории саратони меъда дар Пеле сентябри соли 2021 ошкор шуда, аллакай моҳи апрели соли 2022 дар бистарӣ шуда буд. Инчунин аз бемории гурда ва дарди рон ранҷ мебурд. Бисёре аз ситораҳои футболи замони муосиру мақомдорони бахши варзиш дар ниҳодҳои байналмилалӣ даргузашти Пелеро талафоти бузург унвон карда, афзуданд, ки ӯ намиранда ва барои ҳамеша дар таърихи варзиш хоҳад монд. Дар ҳайати тими миллии Бразилия Пеле ҳамоно ягона бозигар аст, ки 3 маротиба - солҳои 1958, 1962 ва 1970 қаҳрамони ҷаҳон шуд.Вай ҳамчун муаллифи 1283 гол дар Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст.Пеле, ки номи аслияш Эдсон Арантес ду Насименто мебошад, асосан дар ҳайати "Сантос"-и Бразилия бозӣ кард. Соли 1999 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Пелеро бузургтарин варзишгари таърих эълон кард. Ӯ ҳамчунин аз сӯи ФИФА беҳтарин футболбози асри 20 ва узви тими ҷаҳонии рамзии ҳама давру замон маҳсуб унвон гирифт. Пеле бозии охирини худро дар ҳайати тими миллии Бразилия 18 июли соли 1971 дар "Рио-де-Жанейро" бо тими Югославия анҷом дод, бозии охирини худро дар тими "Сантос" соли 1974.Дар охири фаъолияти касбӣ барои беҳбуди вазъи молӣ Пеле ба тими "Космос"-и ИМА пайваст. Бори охир Пеле 1-уми октябри соли 1977 дар бозии дӯстонаи байни "Космос" ва тими қаблияш "Сантос" вориди майдон шуда, дар нимаи аввал дар ҳайати "Космос" ва қисми дуюмро дар "Сантос" бозид.
https://sputnik.tj/20221124/pele-maradona-futbol-qatar-1053050302.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1e/1053915268_52:0:1996:1458_1920x0_80_0_0_617b945ef94cc0930719b0f08ea069b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маросим, видоъ, шоҳ, футбол
маросим, видоъ, шоҳ, футбол
Шоҳи футбол даргузашт: Мотам дар Бразилия ва маросими видоъ - видео
10:32 30.12.2022 (Навсозишуда: 11:06 30.12.2022) Даргузашти Пеле Бразилия ва дӯстдорони футбол дар тамоми ҷаҳонро ба мотам шинонд. Видоъ бо шоҳи футбол дар варзишгоҳ сурат хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Шоҳи футбол, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, футболбози асру ҳамаи замон дар синни 82-солагӣ бар асари саратони меъда дунёро падруд гуфт.
Бошгоҳи "Сантос", ки Пеле дар он бозӣ мекард, иттилоъ дод, ки тобути футболбози достонӣ 2 январ аз беморхона ба варзишгоҳи "Вила Белмиро" бурда мешавад, ки дар он ҷо маросими видоъ баргузор мегардад. Баъди гузашт аз кӯчаю хиёбонҳои Сантос Пелеро ба хок хоҳанд супурд.
Бемории саратони меъда дар Пеле сентябри соли 2021 ошкор шуда, аллакай моҳи апрели соли 2022 дар бистарӣ шуда буд. Инчунин аз бемории гурда ва дарди рон ранҷ мебурд.
Бисёре аз ситораҳои футболи замони муосиру мақомдорони бахши варзиш дар ниҳодҳои байналмилалӣ даргузашти Пелеро талафоти бузург унвон карда, афзуданд, ки ӯ намиранда ва барои ҳамеша дар таърихи варзиш хоҳад монд.
Дар ҳайати тими миллии Бразилия Пеле ҳамоно ягона бозигар аст, ки 3 маротиба - солҳои 1958, 1962 ва 1970 қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Вай ҳамчун муаллифи 1283 гол дар Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст.
Пеле, ки номи аслияш Эдсон Арантес ду Насименто мебошад, асосан дар ҳайати "Сантос"-и Бразилия бозӣ кард.
Соли 1999 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Пелеро бузургтарин варзишгари таърих эълон кард. Ӯ ҳамчунин аз сӯи ФИФА беҳтарин футболбози асри 20 ва узви тими ҷаҳонии рамзии ҳама давру замон маҳсуб унвон гирифт.
Пеле бозии охирини худро дар ҳайати тими миллии Бразилия 18 июли соли 1971 дар "Рио-де-Жанейро" бо тими Югославия анҷом дод, бозии охирини худро дар тими "Сантос" соли 1974.
Дар охири фаъолияти касбӣ барои беҳбуди вазъи молӣ Пеле ба тими "Космос"-и ИМА пайваст.
Бори охир Пеле 1-уми октябри соли 1977 дар бозии дӯстонаи байни "Космос" ва тими қаблияш "Сантос" вориди майдон шуда, дар нимаи аввал дар ҳайати "Космос" ва қисми дуюмро дар "Сантос" бозид.