Мошини газбар болои пули Душанбе - Чаноқ чаппа шуд

© Дафтари матбуоти ширкати IRSМошини ҳомили газ болои пул дар роҳи Душанбе - Чаноқ чаппа шудааст
Мошини ҳомили газ болои пул дар роҳи Душанбе - Чаноқ чаппа шудааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Дар садамаи мошини газбар дар роҳи Душанбе - Чаноқ касе осеб надид. Ин нахустин ҳолати нохушӣ бо иштироки мошинҳои ҳомили сӯзишворӣ дар ин масир нест
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Мошини боркаши интиқоли гази моеъ дар километри 133-юми роҳи Душанбе - Чаноқ дучори садам шудааст, иттилоъ дод ширкати IRS.
Ширкати мазкур, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи масири Душанбе - Чаноқ машғул мебошад, тавзеҳ додааст, ки мошини боркаш болоои пул чаппа шудааст. Дар лаҳзаи рух додани садама мошин ҳомили маводи сӯхт будааст.
Таъкид гардидааст, ки бар асари ин ҳодисаи нохуш касе осеб надид.
"Кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор фавран ба макони садама сафарбар шуда, дар навбати аввал гази моеъ ба автомобили дигар интиқол шуда истодааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки баъд аз анҷоми ин кор, чораҳои дахлдор барои аз болои пул ба канори роҳ баровардани автомобили мазкур андешида хоҳанд шуд.
Ин садама дар ҳолест, ки ба иттилои IRS кормандони ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза карда, бо маводи зиддилағжиш коркард мекунанд.
Садамаи мошини газбару автобус дар Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Тафсилоти садамаи мошини газбар, 2 сабукрав ва автобус бо сайёҳон дар Варзоб - аксҳо
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин садамаи мошини ҳомили сӯзишворӣ дар ин масир набуда, қаблан низ сонеҳаҳои маргбор рух медоданд.
Аз ҷумла моҳи сентябри соли равон мошини газбари "Дулан", бо сабаби аз кор баромадани таҷҳизоти тормоздиҳӣ ба тарозӯи плазаи толлингии "Ҳушёрӣ" бархӯрда, баъди афтидан ба дарёи Варзоб таркидаст.
Дар натиҷаи таркиш 2 нафар ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардошта, 2 автомашинаи дигар қисман зарар дида буданд, иттилоъ дода буд Вазорати умури дохилӣ он замон дар шарҳи ҳодиса.
Лентаи хабарҳо
0