Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз омадани ҳавои номусоид ҳушдор медиҳанд

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкЛюди фотографируются на улице во время снегопада
Люди фотографируются на улице во время снегопада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Сокинони кишварро меғфароӣ интизор аст, ки дар пасманзари он қариб дар саросари ҷумҳурӣ борону барф меборад ва ҳарорати ҳаво паст мешавад
ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон дар як қатор минтақаҳо боришоти борону барф дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғи ғафс меборад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ВМКБ абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Дар водиҳои вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дарҷа хунук 4 дараҷа гарм мешавад.
Борон ва барфи тар дар вилояти Хатлон низ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳои вилоят бошад, тормеғ низ мефарояд.
Заснеженный город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои абрнок ва дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар пеш аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз борон борида, шабона 2+4 ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0