https://sputnik.tj/20221228/shahrdori-dushanbe-kudakoni-yatim-tuhfa-solinavi-1053865941.html
Шаҳрдори Душанбе ба кӯдакони ятиму бепарастор туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард
Шаҳрдори Душанбе ба кӯдакони ятиму бепарастор туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои шакли интернатии ҳудуди пойтахт, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд
2022-12-28T20:45+0500
2022-12-28T20:45+0500
2022-12-28T20:45+0500
дар тоҷикистон
шаҳрдор
шаҳрдории душанбе
рустами эмомалӣ
туҳфа
табрикоти солинавӣ
соли нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1c/1053865778_0:0:529:298_1920x0_80_0_0_c14346df9b8f5feb66d2702d5b955f47.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои шакли интернатии ҳудуди пойтахт ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ ташкил гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.Аз ҷумла, дар МД таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ҳамоиши идона баргузор гардид.Дар раванди ҳамоиши идона аз ҷониби иштирокчиён туҳфаҳои идона аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 495 нафар тарбиятгирандагони ин муассисаи шакли интернатии шаҳр тақдим гардиданд.Ҳамчунин дар идомаи тадбирҳои хушнудсозӣ туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 116 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии “Мактаб-интернати рақами 2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе расонида шуданд.Қайд карда шудааст, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2023 ба 100 нафар тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии махсуси таҳсилоти умумии асосии "Мактаб-интернати ёрирасони №3"-и шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва дардмандону бепарасторон кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.Туҳфаҳои идонаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода тақдим намуд.Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз маҷмӯи либосҳои гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд.Ҳамчунин барои бошандагону тарбиятгирандагони Мактаб-интернати № 3 дастурхони идона ва ҷиҳати болидарӯҳии онҳо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.ТАъкид шудааст, ки дар МД “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”"-и шаҳри Душанбе барномаи солинавӣ баргузор гардид.Бо ташаббуси Мақомоти шаҳри Душанбе дар арафаи соли нави мелодӣ баҳри хонандагону тарбиятгирандагони “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ ва фароғатӣ доир карда шуд.Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ ба 56 нафар тарбиятгирандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои солинавӣ, либоси гарми зимистона ва пойафзол тақдим намуданд.Ҳамзамон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и шаҳри Душанбе низ либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ супорида шуданд.Туҳфаҳоро ба бошандагони ин муассиса муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода тақдим намуд.
https://sputnik.tj/20221205/takid-rustam-emomali-vyacheslav-volodin-tahkimi-ravobit-1053287866.html
https://sputnik.tj/20220822/soirov-kasb-shons-qahramon-estoniya-muboriza-1050862908.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1c/1053865778_28:0:495:350_1920x0_80_0_0_b4be6a651b5a1bbb2cf074c96fa53769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, туҳфа, солинавӣ, кӯдакон, идона, рустами эмомалӣ, шаҳрдор
тоҷикистон, душанбе, туҳфа, солинавӣ, кӯдакон, идона, рустами эмомалӣ, шаҳрдор
Шаҳрдори Душанбе ба кӯдакони ятиму бепарастор туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард
Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои шакли интернатии ҳудуди пойтахт, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои шакли интернатии ҳудуди пойтахт ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ ташкил гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Аз ҷумла, дар МД таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар раванди ҳамоиши идона аз ҷониби иштирокчиён туҳфаҳои идона аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 495 нафар тарбиятгирандагони ин муассисаи шакли интернатии шаҳр тақдим гардиданд.
Ҳамчунин дар идомаи тадбирҳои хушнудсозӣ туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 116 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии “Мактаб-интернати рақами 2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе расонида шуданд.
Қайд карда шудааст, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2023 ба 100 нафар тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии махсуси таҳсилоти умумии асосии "Мактаб-интернати ёрирасони №3"-и шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва дардмандону бепарасторон кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Туҳфаҳои идонаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода тақдим намуд.
Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз маҷмӯи либосҳои гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд.
Ҳамчунин барои бошандагону тарбиятгирандагони Мактаб-интернати № 3 дастурхони идона ва ҷиҳати болидарӯҳии онҳо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.
ТАъкид шудааст, ки дар МД “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”"-и шаҳри Душанбе барномаи солинавӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси Мақомоти шаҳри Душанбе дар арафаи соли нави мелодӣ баҳри хонандагону тарбиятгирандагони “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ ва фароғатӣ доир карда шуд.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ ба 56 нафар тарбиятгирандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои солинавӣ, либоси гарми зимистона ва пойафзол тақдим намуданд.
Ҳамзамон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и шаҳри Душанбе низ либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ супорида шуданд.
Туҳфаҳоро ба бошандагони ин муассиса муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода тақдим намуд.