https://sputnik.tj/20221228/mahalla-furudgoh-khorugh-polkovniki-kushta-1053862026.html
Маҳалла дар Хоруғро ба номи полковники кушта дар марз гузоштанд
Маҳалла дар Хоруғро ба номи полковники кушта дар марз гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ барои ҷовидон гардондани номи афсаре, ки дар муноқишаи марзӣ кушта шуд, қарор кардааст
2022-12-28T16:57+0500
2022-12-28T16:57+0500
2022-12-28T17:03+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
кушта
фурудгоҳ
хоруғ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/19/1027221916_0:0:2647:1489_1920x0_80_0_0_79313fbd14318f0553198933b62dbde3.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Олимназар Холиқназаров, афсари нерӯҳои марзбонӣ гузошта шуд. Қарор дар ин бораро маҷлиси вакилони халқӣ, бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мешавад, бо ҳадафи поси хотири Холиқназаров қабул кардаанд. Полковник Олимназар Холиқназарови 37-сола, зодаи шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар пайи муноқишаи марзӣ моҳи сентябри соли равон дар марз бо Қирғизистон кушта шуд. Қаблан раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз ҳоли хонаводаи Холиқназаров хабар гирифта, паёми ҳамдардии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро расонда буд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун "Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан"-ро қабул кард.Муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода гуфт, ин кор аз ҷумла тавассути арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳо, баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу обод ва нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ, ёдгориҳои ҳарбӣ, ҷойҳои инфиҷор ё суқуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбӣ анҷом дода мешавад.Тадобири дигар барои поси хотири муҳофизони Ватан, бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардан, гузоштани санги мазор, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, макотиб ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон ва ҳамоишу чорабиниҳои оммавӣ дар санаҳои муҳим зикр шуданд.
https://sputnik.tj/20221228/marz-zehn-mardum-prezident-kdam-vazifa-1053857189.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/19/1027221916_186:0:2539:1765_1920x0_80_0_0_7c2af46086afa0e1f92b40e6c15f0a4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳалла, хоруғ, полковник, кушта,
маҳалла, хоруғ, полковник, кушта,
Маҳалла дар Хоруғро ба номи полковники кушта дар марз гузоштанд
16:57 28.12.2022 (Навсозишуда: 17:03 28.12.2022) Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ барои ҷовидон гардондани номи афсаре, ки дар муноқишаи марзӣ кушта шуд, қарор кардааст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Олимназар Холиқназаров, афсари нерӯҳои марзбонӣ гузошта шуд.
Қарор дар ин бораро маҷлиси вакилони халқӣ, бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мешавад, бо ҳадафи поси хотири Холиқназаров қабул кардаанд.
Полковник Олимназар Холиқназарови 37-сола, зодаи шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар пайи муноқишаи марзӣ моҳи сентябри соли равон дар марз бо Қирғизистон кушта шуд.
Қаблан раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз ҳоли хонаводаи Холиқназаров хабар гирифта, паёми ҳамдардии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро расонда буд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун "Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан"-ро қабул кард.
Муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода гуфт, ин кор аз ҷумла тавассути арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳо, баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу обод ва нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ, ёдгориҳои ҳарбӣ, ҷойҳои инфиҷор ё суқуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбӣ анҷом дода мешавад.
Тадобири дигар барои поси хотири муҳофизони Ватан, бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардан, гузоштани санги мазор, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, макотиб ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон ва ҳамоишу чорабиниҳои оммавӣ дар санаҳои муҳим зикр шуданд.