https://sputnik.tj/20221228/jabborov-bahsi-marzi-hal-1053866968.html
Ҷабборов гуфт, баҳси марзиро чигуна ҳал хоҳад кард
Ҷабборов гуфт, баҳси марзиро чигуна ҳал хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки танҳо ҳалли комили баҳсҳои марзӣ метавонад таҳдидҳо ба тамомияти кишварро хотима бахшад
2022-12-28T22:02+0500
2022-12-28T22:02+0500
2022-12-28T22:02+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
баҳси марзӣ
содир ҷабборов
раисҷумҳур
ҳалли низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050168864_0:225:3081:1959_1920x0_80_0_0_9eaf2f23c03fda71ec4ac62f4a647279.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Қирғизистон тамоми корро анҷом медиҳад, то баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро танҳо бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал намояд, гуфт раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов.Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи девони вазирон, ки дар он натиҷаҳои кор дар соли 2022 баррасӣ шуд, хабар дод.Ба гуфтаи Ҷабборов, танҳо ҳалли ниҳоии баҳси марзӣ метавонад таҳдидҳо ба тамомияти Қирғизистонро хотима бахшад.Аз ин рӯ, раисҷумҳури Қирғизистон инро ҳадафи аслии мақомоти кишвар номид.Тавре вай афзуд, мушкилоти марбут ба марзбандии ҳудудии Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсоя баъди ба даст овардани истиқлолияти ин кишвар ҳал нашудааст.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 декабр мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор шуд, ки дар он натоиҷи фаъолиятҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ баррасӣ шуд.Дар натиҷаи гуфтушунид қарор қабул гардид, ки ба прокуратураҳои ҳар ду давлат барои ҳарчи зудтар баргардондани молу мулк ба шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ дархост фиристода шавад.Дар протокол инчунин банди пешгирии кирдорҳое, ки боиси тезу тунд шудани муносибатҳои тарафҳо мегарданд, дохил гардидааст.
https://sputnik.tj/20221226/muzokirot-imzo-sanad-tojikistonu-qirghiziston-marz-1053809641.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050168864_61:0:2792:2048_1920x0_80_0_0_dd1e1123a908677ebeb5fbcf33aff712.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тоҷикистон, баҳси марзӣ, ҳалл, содир ҷабборов, раисҷумҳур, таҳдидҳо, тамомият, хотима
қирғизистон, тоҷикистон, баҳси марзӣ, ҳалл, содир ҷабборов, раисҷумҳур, таҳдидҳо, тамомият, хотима
Ҷабборов гуфт, баҳси марзиро чигуна ҳал хоҳад кард
Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки танҳо ҳалли комили баҳсҳои марзӣ метавонад таҳдидҳо ба тамомияти кишварро хотима бахшад
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Қирғизистон тамоми корро анҷом медиҳад, то баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро танҳо бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал намояд, гуфт раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов.
Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи девони вазирон, ки дар он натиҷаҳои кор дар соли 2022 баррасӣ шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи Ҷабборов, танҳо ҳалли ниҳоии баҳси марзӣ метавонад таҳдидҳо ба тамомияти Қирғизистонро хотима бахшад.
Аз ин рӯ, раисҷумҳури Қирғизистон инро ҳадафи аслии мақомоти кишвар номид.
Тавре вай афзуд, мушкилоти марбут ба марзбандии ҳудудии Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсоя баъди ба даст овардани истиқлолияти ин кишвар ҳал нашудааст.
"Мо набояд баҳси марзро ба насли ояндаи худ гузорем. Вазифаи мо он аст, ки заминҳоеро, ки аз ниёгон ба мо гузоштаанд, ба насли оянда супорем", - хулоса кард Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 декабр мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор шуд, ки дар он натоиҷи фаъолиятҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ баррасӣ шуд.
Дар натиҷаи гуфтушунид қарор қабул гардид, ки ба прокуратураҳои ҳар ду давлат барои ҳарчи зудтар баргардондани молу мулк ба шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ дархост фиристода шавад.
Дар протокол инчунин банди пешгирии кирдорҳое, ки боиси тезу тунд шудани муносибатҳои тарафҳо мегарданд, дохил гардидааст.