IRS аз эҳтимоли маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ҳушдор дод

© Sputnik Снегопад по дороге в Худжанд
Снегопад по дороге в Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Обуна шудан
Эҳтимол аст, дар пайи барфрезии шадид, ки феълан дар бархе қисматҳои роҳи Душанбе - Хуҷанд идома дорад, ҳаракати нақлиёт дар ин масир маҳдуд гардад
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Барфрезӣ дар километрҳои 42-86-уми роҳи Душанбе - Хуҷанд шабона оғоз гардида, феълан идома дорад.
Ин нуктаро ширкати роҳбони IRS зимни шарҳи вазъият дар роҳ баён дошта, таъкид намудаст, ки дар сурати идомаи барфрезӣ эҳтимол маҳдудиятҳо ҷорӣ гарданд.
Таъкид шудааст, ки маҳдудиятҳои эҳтимолӣ ба мошинҳои боркаш рабт хоҳанд дошт, ки метавонанд барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти дигар халал эҷод кунанд.
"Дар сурати бардавом будани бориши барф, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт гузариши фура ва автомашинаҳои боркаш муваққатан маҳдуд карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи ширкат.
Таъкид шудаст, ки феълан кормандони IRS роҳро мунтазам тоза намуда, бо маводи зиддилағжиш коркард мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, қаблан низ ҳаракат мошинҳои боркаш ва ядакдорро маҳдуд карда буд.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Чӣ сохта шуду чӣ дар нақша? Вазир аз роҳсозиҳо дар ВМКБ гуфт
Ширкат аз ҳамаи ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар ин шоҳроҳ эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд.
Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0