Тақвими сабқати қаҳрамонҳои Осиё маълум шуд: "Истиқлол" кай вориди майдон мешавад?

© SAAD ALANZEИгроки "Истиклол"
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Обуна шудан
Конфедератсияи футболи Осиё лоиҳаи ҷадвал ва тақвими бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими солҳои 2023 - 2024-ро пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон, тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки соли гузашта ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ баромада буд, рақобатро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунад, хабар дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, бар асоси ҷадвали нашркардаи Конфедератсияи футболи Осиё, сабқати қаҳрамонҳои қора аз 8-уми августи соли 2023 то 18-уми майи соли 2024 баргузор мешаванд.
Таъкид шудааст, ки бори аввал мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз рӯи системаи "тирамоҳу баҳор" сурат мегирад.
Тибқи ҷадвал, даври аввали марҳилаи муқаддамотӣ аз 1 то 8-уми август ва даври 2-юм 15-уми августи соли 2023 доир мешавад.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Футзалбози тоҷик ба бошгоҳи суперлигаи Русия пайваст
Дар мавриди марҳилаи гурӯҳӣ оварда шудааст, ки даври 1-ум 18-20 сентябри соли 2023, даври 2-юм 2-4 октябр, даври 3-юм: 23-25 октябр, даври 4-ум 6-8 ноябр, даври 5-ум 27-29 ноябр ва даври 6-ум 11-13 декабри соли 2023 дар назар аст.
Дар даври ҳаштякниҳоӣ бозиҳои аввал рӯзҳои 12-14 феврали соли 2024 ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 19-21 феврали 2024 ба нақша гирифта шудаанд.
Дар мавриди чорякфинал иттилоъ дода шуд, ки бозии аввал 4-6 марти 2024 ва бозиҳои ҷавобӣ 11-13 марти 2024 ба нақша гирифта шудаанд.
Бозии аввали даври нимниҳоӣ 16-17 апрели соли 2024 ва бозиҳои ҷавобӣ 23-24 апрели ҳамон сол ба нақша гирифта шудаанд.
Финали Лигаи қаҳрамонҳо бозии аввал 11 майи соли 2024 ва бозии ҷавобӣ 18 майи соли 2024 таъйин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0