https://sputnik.tj/20221227/rusiya-tojikiston-tekhnopark-1053837936.html
Русия дар Тоҷикистон технопаркҳо мекушояд
Русия дар Тоҷикистон технопаркҳо мекушояд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин созанд
2022-12-27T18:00+0500
2022-12-27T18:00+0500
2022-12-27T18:00+0500
дар русия
маориф
илм ва фанноварӣ
технология
муштарак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053825800_0:108:3113:1859_1920x0_80_0_0_2b3e81610c491ff9a64cb267af2058d7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Русия азм дорад, филиалҳои паркҳои технологии худро дар қаламрави Тоҷикистон ифтитоҳ кунад, хабар дод раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Лилия Гумерова. Агар ҷавонон ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои илмию техникӣ шавқ дошта бошанд, дурнамои нек дорад, изҳор доштаст сенатор дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Вместе-РФ"."Идеяи хеле ҷолиб, ба назари мо, таъсиси паркҳои технологии муштарак аст. Мо ҳамчунин дар бораи ифтитоҳи филиалҳои паркҳои технологии худ дар қаламрави Тоҷикистон сӯҳбат кардем", - гуфт Гумерова.Вай таъкид намудаст, ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин намоянд. Гумерова инчунин дар бораи гуфтушуниде, ки дар доираи барномаи "Муаллими рус дар хориҷ" суҳбат кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло ташаббуси табодули омӯзгорон байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли омодагӣ аст.Сенатор ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилот бо забони русӣ ифтитоҳ шудааст, ки тибқи стандартҳои Русия фаъолият хоҳанд дошт. Ин дар ҳолет, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, тавассути ташкили паркҳои технологӣ бахши саноат дар кишварро рушд диҳанду ҷойҳои нави корӣ фароҳам созанд. Дар назар аст, то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар зиёда аз 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон паркҳои технологӣ таъсис ёбанд.
https://sputnik.tj/20221108/park-tekhnologi-darvoz-panel-oftobi-1052694747.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053825800_384:0:3113:2047_1920x0_80_0_0_41fc1541ea443e9ad3ddd12ff23c363f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талош, ташкил, парк, технологӣ, тоҷикистон, русия
талош, ташкил, парк, технологӣ, тоҷикистон, русия
Русия дар Тоҷикистон технопаркҳо мекушояд
Ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин созанд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Русия азм дорад, филиалҳои паркҳои технологии худро дар қаламрави Тоҷикистон ифтитоҳ кунад, хабар дод раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Лилия Гумерова.
Агар ҷавонон ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои илмию техникӣ шавқ дошта бошанд, дурнамои нек дорад, изҳор доштаст сенатор дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Вместе-РФ".
"Идеяи хеле ҷолиб, ба назари мо, таъсиси паркҳои технологии муштарак аст. Мо ҳамчунин дар бораи ифтитоҳи филиалҳои паркҳои технологии худ дар қаламрави Тоҷикистон сӯҳбат кардем", - гуфт Гумерова.
Вай таъкид намудаст, ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин намоянд.
Гумерова инчунин дар бораи гуфтушуниде, ки дар доираи барномаи "Муаллими рус дар хориҷ" суҳбат кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло ташаббуси табодули омӯзгорон байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли омодагӣ аст.
Сенатор ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилот бо забони русӣ ифтитоҳ шудааст, ки тибқи стандартҳои Русия фаъолият хоҳанд дошт.
Ин дар ҳолет, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, тавассути ташкили паркҳои технологӣ бахши саноат дар кишварро рушд диҳанду ҷойҳои нави корӣ фароҳам созанд. Дар назар аст, то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар зиёда аз 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон паркҳои технологӣ таъсис ёбанд.