Нур: беэҳтиётӣ дар ҷанг уқобҳои Ҳиндукушро ба шикори "шағолҳо" водор сохт

© AFP 2023 / FARSHAD USYANАтто Мухаммади Нур
Атто Мухаммади Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадори шинохта бетадбирии Ҷабҳаи муқовимати мирро сабаби ҳодисаи ҷанги Андаров ва қатли фармондеҳони аршад хондааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Атто Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх, дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳони ҷабҳаи муқовимат, гуфт, “набуди тарҳрезӣ дар ҷанг” боъиси кушта шудани ин фармондеҳон ва шуморе аз афроди дигар ба асорати ин гурӯҳ шудааст.
Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ эълом кард, ки фармондеҳон Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ Андробӣ ва фармондеҳ Ғозӣ Моради дар даргириҳо бо Толибон кушта шудаанд.
Ато Муҳаммади Нур дар ҳоле аз "бетадбирӣ" дар ҷанг сухан мегӯяд, ки пеш аз низ борҳо раҳбарияти Ҷабҳаи муқовиматро барои он ки натавонистааст нерӯҳои худро дуруст таъмин кунад, танқид карда буд.
Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллӣ низ дар Твиттер навишт: "Зиндагӣ дар ғуломӣ шарм аст, маънои зиндагӣ озодист".
Фузия Кофӣ, вакили собиқи Бадахшон низ дар вокуниш ба марги ин фармондеҳи ҷабҳаи муқовимат навиштааст: Ғурур ва ғайрати шумо ифтихори мо буд, роҳат идома дорад.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Масъуд: Толибон ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд
Хайрмуҳамад Хайрхоҳи Андаробӣ як аз аршадтарин фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон буд, ки як рӯз қабл дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон кушта шуд.
Бино ба гузоришҳои расида, ӯ дар набардҳои пайдарпайи толибон аз замину ҳаво беш аз наздик ба 30 соат ҷангида бо 21 тан размандагонаш бинобар поёнёбии муҳимоташ шаҳид шудааст.
Дар робита ба ин талафоти Аҳмад Масъуд, рабари ҷабҳа низ паёме нашр карда, гуфтааст, ки Фармондеҳ Андаробӣ дар дифоъ аз озодӣ то охирин гулӯла дар сангар истоду ҷангид.
"Душман бидонад, ки бо шаҳодат доданҳо аз пой намеуфтем ва аз роҳе, ки интихоб кардем ҳаргиз барнамегардем", - таъкид кардааст Масъуди хурдӣ.
Ӯ ба мардуми Афғонистон итминон додааст, ки идомадиҳандаи роҳи шуҳадо ва бузургон буда, то охирин қатраи хун аз ормонҳояшон посдорӣ мекунад ва то озодии кишвар аз зулми толиб ба муборизоти худ идома хоҳанд дод.
Номбурда гуфтааст, ки бо аз даст додани афрод ҷабҳа шикаста нахоҳад шуд, балки ҳамарӯза афрод ба суфуфи он шомил мешаванд.
Дар ҳамин Ҳол Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯёни Ҷабҳа низ дар Твиттер навишт, ки дар баробари Андаробӣ фармондеҳи дигар Ғозӣ Муродӣ низ ҳалок шудааст.
Дар ин ҷанги шадид толибон бошанд 30 куштаву 28 захмӣ доштаанд, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ захмиёну мурдагонро тавассути чархбол ба Кобул интиқол додаанд.
Лентаи хабарҳо
0