https://sputnik.tj/20221227/lahza-ehsos-hassos-hunarnamoi-nazarov-maskav-1053829396.html
Лаҳзаҳои эҳсосу ҳассос аз ҳунарнамоии Назаров дар Маскав ба ривояти тасвир
Лаҳзаҳои эҳсосу ҳассос аз ҳунарнамоии Назаров дар Маскав ба ривояти тасвир
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарнамоии деринтизори Далер Назаров дар пойтахти Русия, ки ба далели пандемияи коронавирус солҳо ба таъхир андохта шуд, ниҳоят баргузор гардид
2022-12-27T16:25+0500
2022-12-27T16:25+0500
2022-12-27T17:43+0500
акс
фарҳанг
ҳунар
далер назаров
консерт
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053814129_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_a6ec52585991efccbbe530d02213d2e6.jpg
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053814129_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5528e70a56eb821fbb03ee68be5f5c44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориш, аксӣ, далер назаров, консерт, маскав
гузориш, аксӣ, далер назаров, консерт, маскав
Лаҳзаҳои эҳсосу ҳассос аз ҳунарнамоии Назаров дар Маскав ба ривояти тасвир
16:25 27.12.2022 (Навсозишуда: 17:43 27.12.2022) Ҳунарнамоии деринтизори Далер Назаров дар пойтахти Русия, ки ба далели пандемияи коронавирус солҳо ба таъхир андохта шуд, ниҳоят баргузор гардид

Дар толори "Известия холл"-и Маскав консерти ҳунарманди номдори ду аср, маэстро Далер Назаров баргузор шуд.

Толор беш аз 800 нафар мухлисони ҳунари Назаровро ғунҷонд.

Намояндагони миллатҳои гуногун аз қабили русҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо ва дигарон ҷамъ омада буданд.

"Моро ба ин ҷо ишқ овард ва мо барои васл кардан омадаем", - гуфт Назаров.

Ҳунарнамоии қаблии Далер Назаров дар пойтахти Русия соли 2019 баргузор шуда буд ва мухслисон консерти навашро дер интизор буданд.

Бархе аз мухлисони Далер Назаров чиптаҳоро ду сол пеш харидорӣ карданд, вале то кунун интизори консерт буданд.

Аксари тамошобинон, бо телефонҳои ҳамроҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ консертро ба дӯстонашон намоиш медоданд.

Барои тоҷикони муқими Маскав ин консерт муҳимтарин чорабинии фарҳангии соли 2022 арзёбӣ гардидаст.

Далер Назаров сурудҳои нав ва пешинаи дӯстдоштаниро сароид.

Ӯ бо сурудҳои "Бедор шав", "Сад роҳи интизорӣ", "Рӯдакӣ", "Биёед", "Агар он турки шерозӣ" ва "Нури Худо" то тору пуди мухлисон роҳ меёфту онҳоро то авҷи фалак мерасонд.

Бузургтарин мухлиси Далер аз 80 гузашта буду хурдтаринаш ҳамагӣ ду сол дошт.

Далер ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва шуғнонӣ сароид. Маълум буд, ки аксарияти мухлисон ин забонҳоро хуб балад набуданд, вале ҳамагонро мусиқии асил якҷо карда буд.