Аз ҷуброни билет то курсҳои ройгон: пешниҳоди донишгоҳи Русия барои ҷалби донишҷӯёни тоҷик

© Пресс-служба Российско-Таджикского Славянского университетаКонкурс "Территория профессионалов" в рамках сотрудничества для студентов ближнего зарубежья
Конкурс Территория профессионалов в рамках сотрудничества для студентов ближнего зарубежья - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Обуна шудан
Ҳамкории байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ба онҳое, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Донишгоҳи федеролии Сибир барои довталабон аз Тоҷикистон шумори ҷойҳои таҳсил, ҷуброни қимати парвоз ва полиси бимаи ихтиёрии тиббиву курсҳои иловагии забони русиро пешниҳод мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуотии донишгоҳ хабар дода, гуфтааст, ки чунин имкониятҳо дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Тоҷикистон ҷорӣ шудааст.
Ҳамин тариқ донишҷӯёни Тоҷикистон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои Русия ройгон таҳсил кунанд. Ба далели он ки забони русӣ дар кишвар забони расмӣ буда, мутобиқ шудани донишҷӯёни тоҷик дар Русия осонтар аст.
Ҳамчунин ба Сибир парвоз кардан ҳам қулай аст, зеро миёни Душанбе ва Красноярск хатсайрҳои мустақим амал мекунад.
"Мо ният дорем, ки таҷрибаи мавҷударо ҷамъбаст намуда, ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама дар заминаи донишгоҳҳои славянӣ ба сатҳи комилан нави ҳамкориҳо расонем. Ин метавонад як лоиҳаи хуби шарикӣ бо потенсиали баланди рушд бошад”, - гуфт ректори ДФС Максим Румянтсев.
Вай афзуд, шумори ҷойҳои таҳсил барои донишҷӯёни хориҷӣ дар оянда низ афзоиш хоҳад ёфт ва ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои кишварҳо низ фаъолона рушд мекунад.
"Тоҷикистон дорои донишгоҳҳои пурқуввате мебошад, ки дар самтҳои тадқиқоте, ки дар ДФС гузаронида мешаванд, натиҷаҳои намоён доранд ва ин асоси рушди ҳамкориҳои илмӣ мебошад", - гуфт Румянтсев.
Дар доираи стратегияи нави Донишгоҳи федеролии Сибир дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) (РТСУ) силсилаи чорабиниҳои "Фазои Русия: илм ва маориф" баргузор гардида дар дар доираи он семинару машваратҳо ва доир шудааст.
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Русия ният дорад квотаҳои таҳсилотиро барои донишҷӯёни тоҷик зиёд кунад
Мутахассисони ДФС мактаббачагон ва волидони онҳоро бо имкониятҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия шинос карда, ба омӯзгорон бошад аз пешрафтатрин усулҳои интерактии таълим гуфтаанд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДСРТ Бахтовар Нусратуллоев бошад ДФС-ро на танҳо як донишгоҳи шарик, балки дӯст низ медонад, зеро он барои донишҷӯёни тоыик як майдонӣ олӣ барои татбиқи лоиҳаву иқтидорҳояшон аст.
Ӯ мегӯяд танҳо дар соли ҷорӣ зиёда аз панҷ чорабинӣҳои якҷоя доир карданд ва ва омодаи идомаи ҳамкориҳо барои руштанд.
Ба андешаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ДФС Анна Мезит, тадбирҳои ҷониби Русия дар робита ба шарикони хориҷӣ ба ҳамкорӣ ва наздикшавии неки ҳамсоягӣ, пеш аз ҳама, тавассути робитаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ нигаронида шудаанд.
"Дар оянда чунин "таҳаввул ба Осиё" метавонад ба устувории муносибатҳо дар соҳаи тиҷорат ва иқтисод таъсири назаррас расонад", - гуфт мавсуф.
Гуфта мешавад, ҳамкорй на танҳо ҳалли мушкилоти умумии илмӣ, балки фаъолияти якҷояро оид ба масъалаҳои маданӣ, чорабиниҳои оммавии донишҷӯён, мубодилаи муҳассилин ва муаллимонро низ дар назар дорад.
Логотип Россотрудничества  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Россотрудничество ба донишҷӯёни филологи тоҷик кумак мекунад
Соли 2023 дар назаст аст, ки омӯзиши байниҳамдигарии кормандони донишгоҳҳои Сибир ва славянии Тоҷикистону Қирғизистон ба роҳ монда шавад.
Стратегияи таҷдидшудаи байналмиллалии таҳсилот дар ДФС дар доираи татбиқи барномаи "Афзалият 2030" қабул шудааст.
Лентаи хабарҳо
0