https://sputnik.tj/20221227/jang-shadid-andarob-farmondeh-muqovimat-kushta-1053823766.html
Ҷанги шадид дар Андаробҳо: ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат кушта шуд
Ҷанги шадид дар Андаробҳо: ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат кушта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар минтақаи Тағонаки ноҳияи Пули Ҳисори Андароб беш аз як шабонарӯз миёни толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ҷангҳои шадид рух дод, ки талафоти зиёд дошт 27.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-27T15:20+0500
2022-12-27T15:20+0500
2022-12-27T20:26+0500
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
афғонистон
толибон
бағлон
ҷанг
озодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053829955_0:89:506:374_1920x0_80_0_0_6cd5ecc509df32718b53d90bbcab8da1.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Хайрмуҳамад Хайрхоҳи Андаробӣ як аз аршадтарин фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон кушта шуд.Бино ба гузоришҳои расида, ӯ дар набардҳои пайдарпайи толибон аз замину ҳаво наздик ба 30 соат ҷангида бо 21 тан размандагонаш бинобар поёнёбии муҳимоташ шаҳид шудааст.Дар робита ба ин талафоти Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳа низ паёме нашр карда, гуфтааст, ки Фармондеҳ Андаробӣ дар дифоъ аз озодӣ то охирин гулӯла дар сангар истоду ҷангид.Ӯ ба мардуми Афғонистон итминон додааст, ки идомадиҳандаи роҳи шуҳадо ва бузургон буда, то охирин қатраи хун аз ормонҳояшон посдорӣ мекунад ва то озодии кишвар аз зулми толиб ба муборизоти худ идома хоҳанд дод.Номбурда гуфтааст, ки бо аз даст додани афрод ҷабҳа шикаста нахоҳад шуд, балки ҳамарӯза афрод ба суфуфи он шомил мешаванд.Дар ҳамин Ҳол Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯёни Ҷабҳа низ дар Твиттер навишт, ки дар баробари Андаробӣ фармондеҳи дигар Ғозӣ Муродӣ низ ҳалок шудааст.Дар ин ҷанги шадид толибон бошанд 30 куштаву 28 захмӣ доштаанд, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ захмиёну мурдагонро тавассути чархбол ба Кобул интиқол додаанд.Пас аз Панҷшеру Бадахшон ин сеюмин набарди шадид аст, ки муқовимати милли афроди зиёдашро аз даст медиҳад ва бинобар баъзе манобеъ талафот аз авват то кунун аз 200 тан гузаштааст.Мавриҳд ба зик аст, ки Ҷабҳаи муқовимат пас аз суқути ҳукумати қабливу фирори Ашраф Ғанӣ ва ба сари қудрат омадани толибон эълони мавҷудият кард.Ҳоло ин ягона нерӯи низомӣ аст, ки дар дохили Афғонистон ба зидди толибон ҷанг мекунад ва ягона роҳи озодии кишварро дар муборизаи мусаллаҳона мебинад.Толибон, ки дар 15 августи соли 2021 ба қудрат расиданд, то кунун машуияти на дохилӣ ва на хориҷиро ба даст наовардаанд.
https://sputnik.tj/20221130/masud-tolibon-taghyir-nakardaand-1053173982.html
афғонистон
бағлон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053829955_0:80:506:460_1920x0_80_0_0_07c8e9a8b0c8aa32b1b54d3dd3bc96d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон, афғонистон, толибон, бағлон, ҷанг, озодӣ
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон, афғонистон, толибон, бағлон, ҷанг, озодӣ
Ҷанги шадид дар Андаробҳо: ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат кушта шуд
15:20 27.12.2022 (Навсозишуда: 20:26 27.12.2022) Дар минтақаи Тағонаки ноҳияи Пули Ҳисори Андароб беш аз як шабонарӯз миёни толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ҷангҳои шадид рух дод, ки талафоти зиёд дошт
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Хайрмуҳамад Хайрхоҳи Андаробӣ як аз аршадтарин фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон кушта шуд.
Бино ба гузоришҳои расида, ӯ дар набардҳои пайдарпайи толибон аз замину ҳаво наздик ба 30 соат ҷангида бо 21 тан размандагонаш бинобар поёнёбии муҳимоташ шаҳид шудааст.
Дар робита ба ин талафоти Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳа низ паёме нашр карда, гуфтааст, ки Фармондеҳ Андаробӣ дар дифоъ аз озодӣ то охирин гулӯла дар сангар истоду ҷангид.
"Душман бидонад, ки бо шаҳодат доданҳо аз пой намеуфтем ва аз роҳе, ки интихоб кардем ҳаргиз барнамегардем", - таъкид кардааст Масъуди хурдӣ.
Ӯ ба мардуми Афғонистон итминон додааст, ки идомадиҳандаи роҳи шуҳадо ва бузургон буда, то охирин қатраи хун аз ормонҳояшон посдорӣ мекунад ва то озодии кишвар аз зулми толиб ба муборизоти худ идома хоҳанд дод.
Номбурда гуфтааст, ки бо аз даст додани афрод ҷабҳа шикаста нахоҳад шуд, балки ҳамарӯза афрод ба суфуфи он шомил мешаванд.
Дар ҳамин Ҳол Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯёни Ҷабҳа низ дар Твиттер навишт, ки дар баробари Андаробӣ фармондеҳи дигар Ғозӣ Муродӣ низ ҳалок шудааст.
Дар ин ҷанги шадид толибон бошанд 30 куштаву 28 захмӣ доштаанд, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ захмиёну мурдагонро тавассути чархбол ба Кобул интиқол додаанд.
Пас аз Панҷшеру Бадахшон ин сеюмин набарди шадид аст, ки муқовимати милли афроди зиёдашро аз даст медиҳад ва бинобар баъзе манобеъ талафот аз авват то кунун аз 200 тан гузаштааст.
Мавриҳд ба зик аст, ки Ҷабҳаи муқовимат пас аз суқути ҳукумати қабливу фирори Ашраф Ғанӣ ва ба сари қудрат омадани толибон эълони мавҷудият кард.
Ҳоло ин ягона нерӯи низомӣ аст, ки дар дохили Афғонистон ба зидди толибон ҷанг мекунад ва ягона роҳи озодии кишварро дар муборизаи мусаллаҳона мебинад.
Толибон, ки дар 15 августи соли 2021 ба қудрат расиданд, то кунун машуияти на дохилӣ ва на хориҷиро ба даст наовардаанд.