Баландтарин арчаи солинавиро дар ИДМ кӣ гузошт?

Обуна шудан
Ин дафъа Туркманистон бо гузоштани бузургтарин арчаи солинавӣ, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил насб шудааст, ҳамаро ба ҳайрат овард
Дар ҳар як кишвари ИДМ аллакай арчаи асосии солинавӣ гузошта шудааст. Sputnik Тоҷикистон баландии арчаи асосии солинавӣ дар 10 кишвари хориҷи наздикро "чен кардааст".
Маълум шуд, ки Туркманистон ин дафъа бо бузургтарин дарахти сузанбарг дар ҷойи аввал аст. Дар он ҷо баландии дарахти зебои сабз 43 метр аст, ки онро бо хонаи маъмулии 12-ошёна муқоиса кардан мумкин аст. Албатта, чунин тарҳ аз қисмҳо ҷамъ карда мешавад.
Хурдтарин арчаи солинавӣ дарахтест, ки дар Кишинёв (Молдова) насб шудааст. Баландии арчаи ороишёфта 20 метр аст.
Дар Маскав арчаи воқеии 27-метра гузошта шуд, ки онро аз вилояти Маскав ба майдони Кремл овардаанд. Шохаҳои сабз бо дарозии то 10 м бо гулчанбарҳо оро дода шудаанд.
Дар Тоҷикистон арчаи солинавии 30-метра гузошта шуд, ки онро сол то сол баландтар мекунанд, вале то ҳол дар шумораи ҷуфт қатъ шудааст.
Ҳоло майдони Истиқлол, ки рамзи асосии ид дар он ҷой дорад, ба макони боздиди воқеии соли нав барои калонсолону кӯдакон, сокинони шаҳр ва меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0