https://sputnik.tj/20221226/vaziri-khorija-eron-tahdidho-ukraina-bemasuliyat-1053797101.html
Вазири хориҷаи Эрон таҳдидҳои Украинаро бемасъулият хонд
Вазири хориҷаи Эрон таҳдидҳои Украинаро бемасъулият хонд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Эрон ахиран эълон кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар низоъи Украина иштирок надорад ва таҳдидҳои Киевро қатъяин маҳкум кард
2022-12-26T14:34+0500
2022-12-26T14:34+0500
2023-02-08T19:46+0500
украина
дар русия
низоъ
эрон
паҳпод
таҳдид
бемасъулиятӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033046904_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_83c2b634c3d8dd83a3af5ef28ef1ba95.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Эрон дар низоъ дар Украина иштирок надорад ва таҳдидҳоро як изҳороти бемасъулият медонад, гуфт сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ дар нишасти хабарӣ, иттилоъ додааст РИА “Новости”.Бояд гуфт, ки Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский, ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар масъалаи Эрон бояд аз "таҳримҳои корношоям" даст кашида, ба боздошти таҳвилгарон ва нобуд кардани истеҳсолот гузашта шавад.Пештар намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳороти Украина дар мавриди интиқоли паҳподҳои эронӣ ба Русияро беасос хонда ва бори дигар таъкид карда буд, ки Теҳрон паҳподҳоро ба ҳеҷ як тарафи даргир интиқол надодааст."Гунаҳгор кардани ин ва он дар Эрон ба Украина, мардум ва раҳбарияти он кумак нахоҳад кард. Мо иттиҳомоти раҳбарияти Украинаро рад мекунем... Бори дигар таъкид мекунам: мо дар низоъ дар Украина иштирок надорем ва омодаем, дар ҳалли қазияву бӯҳрон ва барқарории сулҳ дар ин кишвар кумак кунем", - гуфт сухангӯи ВУХ Эрон.Вай илова кард, ки Эрон чунин изҳороти беасосу таҳдидро, новобаста аз он ки аз кадом ниҳоде гуфта мешавад, бемасъулият медонад.“Масъулияти паёмадҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиии чунин изҳоротро бар дӯши ҳукумати Украина мегузорем", - гуфт сухангӯи вазорати хоирҷаи Эрон.
https://sputnik.tj/20221221/hamkorii-markaz-strategi-eron-tojikiston-1053669603.html
украина
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033046904_15:0:1000:739_1920x0_80_0_0_1ebe6003c36d9a8dbab5f7189e6e0502.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, ҳамкорӣ, украина, таҳдидҳо, бемасъулият, низоъ, киев
эрон, русия, ҳамкорӣ, украина, таҳдидҳо, бемасъулият, низоъ, киев
Вазири хориҷаи Эрон таҳдидҳои Украинаро бемасъулият хонд
14:34 26.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Вазорати умури хориҷии Эрон ахиран эълон кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар низоъи Украина иштирок надорад ва таҳдидҳои Киевро қатъяин маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Эрон дар низоъ дар Украина иштирок надорад ва таҳдидҳоро як изҳороти бемасъулият медонад, гуфт сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ дар нишасти хабарӣ, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Бояд гуфт, ки Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский, ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар масъалаи Эрон бояд аз "таҳримҳои корношоям" даст кашида, ба боздошти таҳвилгарон ва нобуд кардани истеҳсолот гузашта шавад.
Пештар намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳороти Украина дар мавриди интиқоли паҳподҳои эронӣ ба Русияро беасос хонда ва бори дигар таъкид карда буд, ки Теҳрон паҳподҳоро ба ҳеҷ як тарафи даргир интиқол надодааст.
"Гунаҳгор кардани ин ва он дар Эрон ба Украина, мардум ва раҳбарияти он кумак нахоҳад кард. Мо иттиҳомоти раҳбарияти Украинаро рад мекунем... Бори дигар таъкид мекунам: мо дар низоъ дар Украина иштирок надорем ва омодаем, дар ҳалли қазияву бӯҳрон ва барқарории сулҳ дар ин кишвар кумак кунем", - гуфт сухангӯи ВУХ Эрон.
Вай илова кард, ки Эрон чунин изҳороти беасосу таҳдидро, новобаста аз он ки аз кадом ниҳоде гуфта мешавад, бемасъулият медонад.
“Масъулияти паёмадҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиии чунин изҳоротро бар дӯши ҳукумати Украина мегузорем", - гуфт сухангӯи вазорати хоирҷаи Эрон.