https://sputnik.tj/20221226/emomali-rahmon-ozimi-sankt-peterburg-shud-1053790306.html
Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд
Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар сафар ба пойтахти шимолии Русия раисҷумҳури Тоҷикистонро ёрдамчияш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
2022-12-26T11:00+0500
2022-12-26T11:00+0500
2022-12-26T11:11+0500
дар тоҷикистон
боздид
эмомалӣ раҳмон
санкт-петербург
ғайрирасмӣ
мулоқот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/19/1022531996_0:0:2901:1631_1920x0_80_0_0_a8ada3164b7a1f07aede254a15863edb.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки президентро дар фурудгоҳ роҳбарони ҳарду палатаи парлумон, сарвазир ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент гусел намуданд. Эмомалӣ Раҳмонро дар сафар ёрдамчияш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмиро президенти Русия, Владимир Путин, ба миён гузошт. Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват карда буд.Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳори итминон карда буд, ки "бо вуҷуди чунин формати ғайрирасмӣ, раҳбарон метавонанд вазифаҳои соли баъдӣ ва ояндаи дурро баррасӣ кунанд". Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти ғайрирасмӣ иштироки сарони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар назар аст.
https://sputnik.tj/20221014/putin-rahbaron-idm-nishast-nav-davat-1052134987.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/19/1022531996_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7d302791440a4dbc8364aa5f4d1b4a0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, ғайрирасмӣ, эмомалӣ раҳмон, президент
мулоқот, ғайрирасмӣ, эмомалӣ раҳмон, президент
Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд
11:00 26.12.2022 (Навсозишуда: 11:11 26.12.2022) Дар сафар ба пойтахти шимолии Русия раисҷумҳури Тоҷикистонро ёрдамчияш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки президентро дар фурудгоҳ роҳбарони ҳарду палатаи парлумон, сарвазир ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент гусел намуданд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар сафар ёрдамчияш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмиро президенти Русия, Владимир Путин, ба миён гузошт.
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват карда буд.
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳори итминон карда буд, ки "бо вуҷуди чунин формати ғайрирасмӣ, раҳбарон метавонанд вазифаҳои соли баъдӣ ва ояндаи дурро баррасӣ кунанд".
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти ғайрирасмӣ иштироки сарони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар назар аст.