https://sputnik.tj/20221223/temur-rahimov-isroil-nishoni-nuqra-1053714179.html
Темур Раҳимов дар Исроил нишони нуқра гирифт
Темур Раҳимов дар Исроил нишони нуқра гирифт
Темур Раҳимов нахустин паҳлавони тоҷик аст, ки дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон дар Йерусалими Исроил - "Jerusalem Masters 2022" медали нуқра ба даст овард 23.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-23T09:39+0500
2022-12-23T09:39+0500
2022-12-23T09:39+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон ва варзиш
темур
медал
нуқра
мусобиқа
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053110544_112:3:1568:822_1920x0_80_0_0_d1ad519c5f4f485eb9e972bd22a5c730.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Ҷудокори тоҷик дар финали "Jerusalem Masters 2022" дар вазни беш аз 100 кило аз ҳарифи ҷопониаш Татсуру Саито мағлуб гардида, мақоми дуюму нишони нуқраро соҳиб шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Раҳимов нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки сазовори медали “World Judo Masters" гардид. Вай дар баробари нишон ҳамчунин 4 ҳазор евро ҷоизапулиро соҳиб шуд. Медалҳои биринҷиро дар вазни беш аз 100 кило Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон ва Кокоро Кагеура аз Ҷопон ба даст оварданд.Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов дар радабандии ҷаҳонӣ дар ҷои аввал буда, дар сабқати ситораҳои ҷудо дар Исроил нерӯсанҷиро аз даври дуюм бо Ричард Сипоз аз Маҷористон оғоз намуду пирӯз шуд. Дар чорякфинал бар Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбойҷон ва дар нимфинал бар Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ дастболо шуда буд. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқа Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило сабқат карда, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ҳарифи Устопириён дар даври аввал Лаша Бекаурии гурҷӣ буд, вале бо сабаби вазнаш дуруст наомадан, аз сабқат хориҷ карда шуд. Комроншоҳ сипас дар даври дуюм Эдуард Триппели олмониро мағлуб кард, аммо дар чорякфинал аз Саширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард. Дар қувваозмоии тасаллобахш Устпопириён аз Давлат Бобонови узбекистонӣ мағлуб гардид. Варзишгари дигари Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило рӯзи якуми мусобиқа дар аввалин нерусанҷӣ аз Реда Седоукии фаронсавӣ шикаст хурд.
https://sputnik.tj/20220905/rustami-emomali-varzishgar-javon-khona-tuhfa-1051178226.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053110544_317:0:1433:837_1920x0_80_0_0_f46a4169606998a0ae5aee87d1985ba7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷавонон ва варзиш, темур, медал, нуқра, мусобиқа
дар тоҷикистон, ҷавонон ва варзиш, темур, медал, нуқра, мусобиқа
Темур Раҳимов дар Исроил нишони нуқра гирифт
Темур Раҳимов нахустин паҳлавони тоҷик аст, ки дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон дар Йерусалими Исроил - "Jerusalem Masters 2022" медали нуқра ба даст овард
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Ҷудокори тоҷик дар финали "Jerusalem Masters 2022" дар вазни беш аз 100 кило аз ҳарифи ҷопониаш Татсуру Саито мағлуб гардида, мақоми дуюму нишони нуқраро соҳиб шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Раҳимов нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки сазовори медали “World Judo Masters" гардид. Вай дар баробари нишон ҳамчунин 4 ҳазор евро ҷоизапулиро соҳиб шуд.
Медалҳои биринҷиро дар вазни беш аз 100 кило Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон ва Кокоро Кагеура аз Ҷопон ба даст оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов дар радабандии ҷаҳонӣ дар ҷои аввал буда, дар сабқати ситораҳои ҷудо дар Исроил нерӯсанҷиро аз даври дуюм бо Ричард Сипоз аз Маҷористон оғоз намуду пирӯз шуд.
Дар чорякфинал бар Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбойҷон ва дар нимфинал бар Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ дастболо шуда буд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқа Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило сабқат карда, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ҳарифи Устопириён дар даври аввал Лаша Бекаурии гурҷӣ буд, вале бо сабаби вазнаш дуруст наомадан, аз сабқат хориҷ карда шуд.
Комроншоҳ сипас дар даври дуюм Эдуард Триппели олмониро мағлуб кард, аммо дар чорякфинал аз Саширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард. Дар қувваозмоии тасаллобахш Устпопириён аз Давлат Бобонови узбекистонӣ мағлуб гардид.
Варзишгари дигари Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило рӯзи якуми мусобиқа дар аввалин нерусанҷӣ аз Реда Седоукии фаронсавӣ шикаст хурд.