Садамаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ: Гулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкДТП на дороге, архивное фото
ДТП на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Дар натиҷаи садамае, ки ахиран дар ноҳияи Рӯдакӣ сар задааст, мусофири 63 солаи мошин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар ҳудуди деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ, як садаи маргборе сурат гирифтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ахиран ронандаи 27 солаи автомашинаи тамғаи “Лексус-350”, Гулов Умар, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Хабар дода шудааст, ки дар натиҷаи садама дар дохили автомашина сӯхтор сурат гирифтааст.
Новая автомобильная дорога Душанбе-Бактрия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Ҳалокати 3 ҷавон дар роҳи Душанбе - Кӯлоб бар асари садама дар рӯзҳои истироҳат
ВУД Тоҷикистон таъкид кардааст, ки худи ронанда Гулов Умар ва мусофиронаш ду мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои манбаъ, мусофири дигари автомашинаи мазкур Юсупова Саломати 63 солаи сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса мазкур кормандони милитсия тафтишотро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0