Корхонае, ки Раҳмон фаъолияташро аз он шуруъ кардааст, валангор аст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРастительное масло. Архивное фото
Растительное масло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳоли корхонаи саноатиеро, ки фаъолияти меҳнатияшро дар шаҳри Бохтар аз он оғоз кардааст, табоҳ хонда, барои ислоҳи вазъ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои барқарорсозии корхонаи равғанкашие дар ҷануби кишвар даъват намуд, ки фаъолияташро аз он оғоз кардааст.
Вай зимни ироаи паёми солона ба парлумон гуфт, ки ҳар бори сафараш ба шаҳри Бохтар ӯро махсусан ба ҳамон кӯчае мебаранд, ки дар он ҷо корхонаи равғанкашии шаҳр фаъолият дошт.
Раҳмон зикр намуд, ки фаъолияти меҳнатияшро аз корхонаи равғанкашӣ дар Бохтар шуруъ намудааст, ки ҳоло валангор аст.
Ба гуфтаи ӯ, барқарорсозии ин корхона он қадар маблағи зиёд талаб намекунад ва дар хитоб ба мақомдорони Хатлон афзуд, ки ақалан ба он далел, ки роҳбари давлат фаъолиятро аз он ҷо оғоз кардааст, ин корхонаро барқарор кунанд.
Зал парламента Таджикистана во время ежегодного обращения президента  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Худтаърифкунӣ нест: Раҳмон вазъ дар ҷаҳонро мураккабу дар Тоҷикистонро муътадил хонд
Президент иттилоъ дод, ки феълан талаботи Тоҷикистон ба равғани истеъмолӣ аз ҳисоби тавлидоти ватанӣ ҳамагӣ 20% таъмин мешавад. Дар ҳоле, ки дар сурати барқарорсозии 3 корхонаи қаблӣ, таъминот аз ҳисоби тавлидоти ватанӣ то 70% хоҳад расид, изҳор дошт ӯ.
Дар маҷмуъ президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки саноатикунонии кишварро вусъат бахшанду зикр намуд, ки худаш низ замоне чун саноатчӣ фаъолият дошту баъдан деҳқонию хизмати давлатӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (алъон Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳоло Бохтар шурӯъ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0