https://sputnik.tj/20221223/dah-medali-tiloi-dastai-varzishgaroni-shahri-panjakent-dar-musobiqai-qahramonii-jahon-1053751138.html
Даҳ медали тилои дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон
Даҳ медали тилои дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон
Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони шаҳри Панҷакент аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар ар шаҳри Суздали Руссия баргузор шуд бо даҳ медали тило баргаштанд
2022-12-23T18:40+0500
2022-12-23T18:40+0500
2022-12-23T18:40+0500
дар тоҷикистон
мусобиқа
навигариҳои варзиши тоҷикистон
панҷакент
қаҳрамон
қаҳрамонӣ
медал
тило
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053750181_0:0:810:457_1920x0_80_0_0_fb54753c6203328b34f7b149e4961433.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар шаҳри Суздали Федератсияи Руссия мусобиқаи байналхалқӣ аз рӯи намуди пауэрлифтинги сеҳарба баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик тавоноии худро намоиш доданд, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Панҷакент.Ба иттилои манбаъ, дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент, дастпарварони муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр ва маҳфили варзишии донишкадаи омӯзгории шаҳр бо 10 нишони тилло,5 нуқра ва унвони ғолиби мутлақи ин мусобиқаи бонуфуз баргаштанд.Мақомот мегӯяд ин ҳама медалҳои тилову нуқра ва унвони ғолиби мутлақи ин мусобиқаи бонуфузро варзишгарон Ойбек Бердимуродов, Абдусаттор Сатторов, Миршод Самадов ва паҳлавондухтари Панҷакент Моҳира Нодирова ба даст овардаанд.Ахиран варзишгарони Панҷакентро дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, мактаби варзишии шаҳр, ҳаводорон ва наздиконашон бо гулдаста, суруду мусиқӣ пешвоз гирифтанд.Таъкид шудааст, ки чун нишони эҳтиром ва қадршиносӣ зимни пешвоз ба онҳо хилъатҳои зарбофт пӯшониданд.
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053750181_20:0:740:540_1920x0_80_0_0_9febdb9395148edc960fcd043e7e941f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мусобиқа, медали тило, панҷакент, варзишгарон, русия, қаҳрамони ҷаҳон
тоҷикистон, мусобиқа, медали тило, панҷакент, варзишгарон, русия, қаҳрамони ҷаҳон
Даҳ медали тилои дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон
Варзишгарони шаҳри Панҷакент аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар ар шаҳри Суздали Руссия баргузор шуд бо даҳ медали тило баргаштанд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар шаҳри Суздали Федератсияи Руссия мусобиқаи байналхалқӣ аз рӯи намуди пауэрлифтинги сеҳарба баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик тавоноии худро намоиш доданд, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Панҷакент.
Ба иттилои манбаъ, дастаи варзишгарони шаҳри Панҷакент, дастпарварони муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр ва маҳфили варзишии донишкадаи омӯзгории шаҳр бо 10 нишони тилло,5 нуқра ва унвони ғолиби мутлақи ин мусобиқаи бонуфуз баргаштанд.
Мақомот мегӯяд ин ҳама медалҳои тилову нуқра ва унвони ғолиби мутлақи ин мусобиқаи бонуфузро варзишгарон Ойбек Бердимуродов, Абдусаттор Сатторов, Миршод Самадов ва паҳлавондухтари Панҷакент Моҳира Нодирова ба даст овардаанд.
Ахиран варзишгарони Панҷакентро дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, мактаби варзишии шаҳр, ҳаводорон ва наздиконашон бо гулдаста, суруду мусиқӣ пешвоз гирифтанд.
Таъкид шудааст, ки чун нишони эҳтиром ва қадршиносӣ зимни пешвоз ба онҳо хилъатҳои зарбофт пӯшониданд.