Боздиди қариб 4 млн сайёҳ аз Тоҷикистон

© PixabayГорный турист
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 млн нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 млн сайёҳ ворид гардидаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷкистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси ҳукумат ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои бахш низ зиёд гарданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон тайи солҳои охир беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Крепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2022
Дар фурудгоҳи Бохтар барои сайёҳон имкониятҳои нав фароҳам оварданд
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.
"Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст", - изҳор дошт Раҳмон.
Инчунин президенти Тоҷикистон барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳиро муваззаф кард, ки номгӯйи хизматрасониҳои бахш, сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардиро густариш бахшад.
Идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он ва инчунин иқтидори кадрии соҳа муҳим арзёбӣ шудаст.
Лентаи хабарҳо
0