Тормеғу барфу борон: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе 28 ноября
Туман в Душанбе 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Обуна шудан
Давоми ду рӯз дар аксар манотиқи Тоҷикистон фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад, ки дурии биниш камтар аз 50 то 100 метрро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Аммо рӯзҳои 22 ва 23 декабр дар ноҳияҳои водигӣ-доманакӯҳи ва ағбаҳо фаромадани тормеғ дар назар аст, мегӯяд ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боришот дар назар набуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои адоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (дурии биниш камтар аз 50 метр) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Маълум шуд, ки ҳавои моҳи декабр дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Дар Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (дурии биниш камтар аз 50 метр) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, танҳо шабона дар ноҳияҳои адоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанберо низ чун дигар навоҳии кишвар тормеғ фаро гирифта, боришоти борон низ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0