Тақвияти сомониву уфти рублу евро: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Обуна шудан
Пули Русия дар Тоҷикистон арзон шуда, ба поинтарин сатҳ дар моҳҳои охир поин меравад. Қимати евро низ ба дунболи рубл поин рафта, аммо доллар гарон мешавад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Қимати як ҳазор рубл дар Тоҷикистон 144 сомонӣ муқаррар шудааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод поинтарин дар моҳҳои ахир арзёбӣ мегардад.
Бар асоси нишондодҳои нашркардаи БМТ, уфти нисбатан чашмрас тайи рӯзҳои охир ба қайд гирифта шудааст. Рӯзе қабл 1 ҳазор рубл 147,5 сомонӣ нарх дошт.
Ҳамин таририқ шабонарӯзи гузашта баҳои пули Русия якбора 3,5 сомонӣ ва сар аз аввали ҳафта 16 сомонӣ поин рафтааст.
Дар зимн қимати пулҳои хориҷии дигар, аз ҷумла доллари ИМА каме боло рафтааст.
Ҳоло ждар кишвар бар ивази ҳар доллар 10.2094 сомонӣ медиҳанд, ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 10.2085 буд.
Президент РФ В. Путин встретился с матерями военнослужащих - участников СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Путин: Рубли русӣ яке аз қавитарин асъор дар ҷаҳон шудааст
Аммо асъори аврупоӣ низ майли поинравӣ дошта, ҳоло ҳар евро10.8383 сомонӣ нарх дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.2094 то 10.2300 сомонӣ, 1 евро аз 10.8383 то 10.9000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0.1440 то 0.1460 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0