https://sputnik.tj/20221222/foiq-tolibon-nuskha-asli-bargasht-1053697217.html
Фоиқ: Толибон ба нусхаи аслии худ баргаштанд
Фоиқ: Толибон ба нусхаи аслии худ баргаштанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Афғонистон дар СММ гуфт, толибон ба қонунҳо ва суннатҳои ғайриинсонӣ ва шадиди гузаштаи худ баргашта, додгоҳҳои саҳроиро ҳамчунон шадид идома медиҳанд
2022-12-22T15:30+0500
2022-12-22T15:30+0500
2022-12-22T15:30+0500
афғонистон
толибон
смм
омӯзиш
занон
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/01/1051810755_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_13a6ec88c98e477ab3a19e533d34e363.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Эъломи толибон дар бораи мамнӯъияти рафтани духтарон ба донишгоҳҳо дар саросари Афғонистонро охирин нақзи ҳуқуқи бунёдии башар аст, мегӯяд Носир Аҳмад Фоиқ, раҳбари намояндагии доимии Афғонистон дар СММ.Ӯ ахиран бо нашри баёнияе аз нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи авзоъ дар Афғонистон гуфт, ба тағйироти мусбат ва пешрафт дар авзои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии Афғонистон умед нест.Дар матни баёния далели ин ноумедӣ нокомии толибон дар расидагӣ ба бӯҳрони феълӣ ва нокомии ин гурӯҳ дар мубориза бо терроризм аст. Ба гуфтаи Фоиқ, толибон ба қонуну равишҳои ғайриинсонӣ ва сахтгиронаи худ баргашта, ба тозиёна задан, буридани дастҳо ва эъдомҳои оммавӣ даст мезананд. Намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид афзуд, дар низоми додгоҳии толибон шаффофият нисбати афроди муттаҳам ба ҷиноят вуҷуд надорад ва низоми додгоҳии ин кишвар ба сурати умум фаъол нест. Номбурда афзудааст, ки ин гуруҳ то ҳол ҳеҷ қонуни навро дар рӯзномаи расмӣ нашр накардаанд ва озодии баёну матбуотро саркӯб мекунанд. Занони эътирозгар ва сарбозони собиқро боздошту шиканҷа ва ба қатл мерасонанд. Ҳамчунин ин гуруҳ хонаводаҳо дар вилоятҳои Сарипул, Бағлон, Бадахшон ва Панҷшерро муҷозот ва маҷбур ба кучи иҷборӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Роза Отунбоева, раиси намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) низ дар нишасти Шӯрои амнияти СММ гуфт, мардуми Афғонистон аз бархӯрди ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин кишвар ноумед шудаанд. .
https://sputnik.tj/20221130/masud-tolibon-taghyir-nakardaand-1053173982.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/01/1051810755_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_449f6f99519b0f86cca929369d066eb0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоиқ толибон сиёсат таъсим терроризм
фоиқ толибон сиёсат таъсим терроризм
Фоиқ: Толибон ба нусхаи аслии худ баргаштанд
Намояндаи Афғонистон дар СММ гуфт, толибон ба қонунҳо ва суннатҳои ғайриинсонӣ ва шадиди гузаштаи худ баргашта, додгоҳҳои саҳроиро ҳамчунон шадид идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Эъломи толибон дар бораи мамнӯъияти рафтани духтарон ба донишгоҳҳо дар саросари Афғонистонро охирин нақзи ҳуқуқи бунёдии башар аст, мегӯяд Носир Аҳмад Фоиқ, раҳбари намояндагии доимии Афғонистон дар СММ.
Ӯ ахиран бо нашри баёнияе аз нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи авзоъ дар Афғонистон гуфт, ба тағйироти мусбат ва пешрафт дар авзои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии Афғонистон умед нест.
Дар матни баёния далели ин ноумедӣ нокомии толибон дар расидагӣ ба бӯҳрони феълӣ ва нокомии ин гурӯҳ дар мубориза бо терроризм аст.
Ба гуфтаи Фоиқ, толибон ба қонуну равишҳои ғайриинсонӣ ва сахтгиронаи худ баргашта, ба тозиёна задан, буридани дастҳо ва эъдомҳои оммавӣ даст мезананд.
Намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид афзуд, дар низоми додгоҳии толибон шаффофият нисбати афроди муттаҳам ба ҷиноят вуҷуд надорад ва низоми додгоҳии ин кишвар ба сурати умум фаъол нест.
Номбурда афзудааст, ки ин гуруҳ то ҳол ҳеҷ қонуни навро дар рӯзномаи расмӣ нашр накардаанд ва озодии баёну матбуотро саркӯб мекунанд. Занони эътирозгар ва сарбозони собиқро боздошту шиканҷа ва ба қатл мерасонанд.
Ҳамчунин ин гуруҳ хонаводаҳо дар вилоятҳои Сарипул, Бағлон, Бадахшон ва Панҷшерро муҷозот ва маҷбур ба кучи иҷборӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Роза Отунбоева, раиси намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) низ дар нишасти Шӯрои амнияти СММ гуфт, мардуми Афғонистон аз бархӯрди ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин кишвар ноумед шудаанд. .