Идомаи уфти нархи рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонета номиналом один рубль.
Монета номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
Пули Русия дар Тоҷикистон арзон шуда, ба поинтарин сатҳ дар моҳҳои охир расидааст. Қимати доллару евро дар зимн майли болоравӣ доранд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Қимати як ҳазор рубл дар Тоҷикистон 147,5 сомонӣ муқаррар шудааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод поинтарин дар моҳҳои ахир арзёбӣ мегардад.
Бар асоси нишондодҳои нашркардаи БМТ, уфти нисбатан чашмрас тайи рӯзҳои охир ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта баҳои пули Русия якбора 3,5 сомонӣ поин рафтааст.
Рӯзе қабл 1 ҳазор рубл 151 сомонӣ ва аз он пештар 156,5 сомонӣ нарх дошт. Қимати пули Русия дар Тоҷикистон дар қиёс бо нишондоди ҳафтаи гузашта ҳудуди 13 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Дар зимн қимати пулҳои хориҷии дигар, аз ҷумла доллари ИМА каме боло рафта, 10.2085 сомонӣ ва 1 евро – 10.8516 сомонӣ нарх дорад.
Президент РФ В. Путин встретился с матерями военнослужащих - участников СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Путин: Рубли русӣ яке аз қавитарин асъор дар ҷаҳон шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.2085 то 10.2300 сомонӣ, 1 евро аз 10.8516 то 11.0100 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0.147510 то 0.1520 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0