https://sputnik.tj/20221221/shabi-yaldo-tojikiston-faro-merasad-1053681657.html
Маълум шуд Шаби Ялдо дар Тоҷикистон кай фаро мерасад
Маълум шуд Шаби Ялдо дар Тоҷикистон кай фаро мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт кай дар кишвар зимистони астрономӣ фаро мерасад
2022-12-21T22:01+0500
2022-12-21T22:01+0500
2022-12-21T22:01+0500
дар тоҷикистон
ҷашн
фарҳанг
зимистон
умед ҷайҳонӣ
астрономӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042715_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_591cc25a56361de30184094ad66f6679.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Муовини Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева мегӯяд, аз рӯзи панҷшанбе, 22 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад. Аз ин лаҳза дарозии соатҳои рӯз зиёд мешавад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.Бояд гуфт, ки ин идро то ҳол дар Эрон ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки ба наздикӣ Шаби Ялдо ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд.“Шаби Ялдо”- дарозтарин шаби аввали моҳи дай аст ва маҳз аз ҳамин шаб дарозшавии соатҳои рӯзона оғоз мешавад.Шаби Ялдоро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23027) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меоянд. Эрониён бахшида ба ҳамин сана шабнишиниҳо барпо мекарданд.Дар ҳамин ҳол коршинос Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, Шаби Ялдо, ки мегӯянд, ҳамин милоди Масеҳ аст, ки ҷудо аз ҷашни шаби чилла аст. Мо шаби чилларо ҷашн мегирем, на шаби ялдоро.Умед Ҷайҳонӣ таъкид дорад, ки ҷашни шаби чилла ҷашни зиндагиву зиндагонист, ки аз намодҳои ин ҷашн низ ошкор аст.Вай пешниҳод карда, ки ин ду намоди зиндагӣ – анор ва сарв – дар канори ҳам барои намоёндани куҳантарин ҷашни нав шудани сол ба кор гирифта шаванд. Ба гуфти вай, арчае, ки русҳо дар ҷашни соли навашон меороянд, реша дар фарҳанги бостонии ниёкони тоҷикҳо дорад.“Ҳамин ҷашн дар оянда, пас аз бозгашти тоҷикҳо ба солшумории миллии наврӯзӣ, ҷойгузини ҷашни соли нави милодӣ хоҳад шуд”,- афзуд коршинос.
https://sputnik.tj/20221201/shabi-yaldo-ba-fehristi-unesko-vorid-gardid-1053205157.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042715_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1a28ff928bc5b7c5e5e2f73cae2b4225.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шаби ялдо, фаро расидан, зимистон, коршинос, академия илмҳо, астрофизика
тоҷикистон, шаби ялдо, фаро расидан, зимистон, коршинос, академия илмҳо, астрофизика
Маълум шуд Шаби Ялдо дар Тоҷикистон кай фаро мерасад
Муовини Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт кай дар кишвар зимистони астрономӣ фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Муовини Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева мегӯяд, аз рӯзи панҷшанбе, 22 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад. Аз ин лаҳза дарозии соатҳои рӯз зиёд мешавад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
“Инқилоби зимистонаи Офтоб ба соати 02:48 ба вақти Душанбе 22 декабр рост меояд. Зимистони астрономӣ оғоз меёбад. Омадани ӯро ориёиёни қадим ҳамчун Шаби Ялдо ҷашн мегирифтанд”, - гуфтааст Фирӯза Раҳматуллоева.
Бояд гуфт, ки ин идро то ҳол дар Эрон ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки ба наздикӣ Шаби Ялдо ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд.
“Шаби Ялдо”- дарозтарин шаби аввали моҳи дай аст ва маҳз аз ҳамин шаб дарозшавии соатҳои рӯзона оғоз мешавад.
Шаби Ялдоро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23027) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меоянд. Эрониён бахшида ба ҳамин сана шабнишиниҳо барпо мекарданд.
Дар ҳамин ҳол коршинос Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, Шаби Ялдо, ки мегӯянд, ҳамин милоди Масеҳ аст, ки ҷудо аз ҷашни шаби чилла аст. Мо шаби чилларо ҷашн мегирем, на шаби ялдоро.
“Милоди Масеҳ, ки масеҳиён дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд, реша дар ҳамин ҷашни шаби чилла дорад”, - гуфт коршинос.
Умед Ҷайҳонӣ таъкид дорад, ки ҷашни шаби чилла ҷашни зиндагиву зиндагонист, ки аз намодҳои ин ҷашн низ ошкор аст.
"Чунончи, сарв дар фарҳанги тоҷикон намоди зиндагонӣ ва сарсабзиву ҳамешабаҳорӣ аст. Анор худ намоди зиндагист, ки дар як мева садҳо донаро дорад. Ранги сабзи сарв ранги руйишу зоишу зиндагонист ва ранги сурхи анор ранги хуну оташу зиндагист.
Вай пешниҳод карда, ки ин ду намоди зиндагӣ – анор ва сарв – дар канори ҳам барои намоёндани куҳантарин ҷашни нав шудани сол ба кор гирифта шаванд. Ба гуфти вай, арчае, ки русҳо дар ҷашни соли навашон меороянд, реша дар фарҳанги бостонии ниёкони тоҷикҳо дорад.
“Ҳамин ҷашн дар оянда, пас аз бозгашти тоҷикҳо ба солшумории миллии наврӯзӣ, ҷойгузини ҷашни соли нави милодӣ хоҳад шуд”,- афзуд коршинос.