Дар Дарвоз мактаби президентӣ месозанд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПамятник Борбади Марвази в городе Дарваз, архивное фото
Памятник Борбади Марвази в городе Дарваз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
Дар назар аст, ки то ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз беш аз сад иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор дода шаванд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар шаҳраки Қалъаихум — маркази ноҳияи Дарвози ВМКБ мактаби президентӣ барои 840 хонанда дар як баст бунёд мегардад, хабар дод "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, бинои мазкур то 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Таҳкурсии бинои мактаби президентӣ аллакай гузошта шуда, интизор меравад, корҳои арматурбофию бетонрезии пойдевор то охири моҳ ба анҷом расонда шавад.
Таъкид гардидаст, ки муасиссаи ҷадид ба ҷои бинои куҳнаи мактаби миёнаи умумии рақами як сохта мешавад, ки аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд гардида буд.
Манбаъ афзуд, бинои нав ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд. Тарҳи бино мутобиқи меъёрҳои шарқию аврупоӣ дар асоси манзараҳои зебои муҳити атроф таҳия шуда, бештар аз чӯбу шиша сохта мешавад, афзуд манбаъ
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Дар Хуҷанд барои ношунавоён мактаб месозанд
"Бинои таълимгоҳ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 28 синфхона, кабинетҳои фаннӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, хобгоҳ мебошад ва барои таҳсили хонандагон дар як баст пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт муҳандиси сохтмон Шариф Исҳоқов.
Зикр гардидаст, ки ҳоло дар сохтмони мактаби президентӣ 50 бинокор аз Душанбе, Хоруғ, ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим машғули кор буда, моҳе баъд теъдодашон ба 200 нафар расонда хоҳад шуд.
Илова карда шуд, ки бар асоси нақшаи мақомоти маҳаллии Дарвоз то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 102 иншооти хурду бузург ба истифода дода хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0